Ҳизби Меркел дар интихоботи маҳаллӣ пештоз шуд

Иттиҳоди христиану демократи садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар як интихоботи маҳаллии 6-уми июн  натиҷаҳои хубе назар ба пешгӯиҳо ба даст овард ва роҳашро ба интихоботи сентябри имсол ҳамвортар кард. Дар овоздиҳие, ки рӯзи якшанбе дар аёлати шарқии Саксония-Анҳалт  барпо шуд, Иттиҳоди христиану демократ 37,1 дарсади овозҳоро бурд. Ин омор ҳарчанд муқаддамотӣ аст, вале назар ба натиҷаҳои соли 2016 хеле беҳтар будааст.  Пирӯзӣ дар ин минтақа барои номзади сарвазирии ояндаи Олмон Армин Лашет шонси хубе медиҳад.

Меркел гуфт, ки баъди 16 соли қудрат ният дорад моҳи сентябр баъди интихобот аз мақомаш канор равад ва Лашет дар талош аст, ки ҷойгузини Меркел шавад. Раиси минтақаи Саксония-Анҳалт Рейнер Ҳалофф ҳам аз пирӯзии иттиҳоди Меркел хабар дод ва гуфт, ки шонси ин ҳизб дар интихоботи сентябрӣ зиёд аст.

Ҳизби ростгарои “Алтернатива барои Олмон” бо 20,8 дарсади овозҳо дуюм шуд ва дар парлумони нав азимтарин нирӯи дуюми сиёсӣ хоҳад буд. Ҳазелофф натиҷаҳои ҳизбашро “паёми рӯшан ба ҷаҳони беруна” номид, ки нақши ростгароҳо дар сиёсати Олмонро муҳим арзёбӣ мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.