Ҳокими Алмато: Сокинони бинои садамавӣ кӯчонида мешаванд

Бакитҷон Сагинтаев, ҳокими шаҳри Алматои Қазоқистон гуфт, ки сокинони бинои садамавӣ аз манзилҳояшон кӯчонида мешаванд. “Мо тасмим гирифтем, шуморо кӯчонем. Маблағ ҷудо шудааст”,-гуфт Сагинтаев дар ҷамъомади рӯзи 14 декабр дар ҳузури сокинон.

Ҳафти гузашта сокинони бинои № 179 минтақаи Зерделии шаҳри Алмато гуфтанд, ки бинояшон каҷ шудааст. Ин сокинон дар ҷаласаи рӯзи 14 декабр аз мақомот хостанд, ки бинои онҳоро садамавӣ эътироф ва ба онҳо манзилҳои нав диҳанд.

Сокинон ҳамчунин талаб карданд, ширкати сохтмоние ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад, ки биноро сохтааст.

Мутахассисон гуфтанд, бино 7,5 сантиметр каҷ шудааст. Барои садамавӣ эътироф кардани он каҷии бино бояд на камтар аз 8 сантиметр бошад.

Бинои мазкур 72 манзил дорад ва дар соли 2013 дар доираи барномаи “Манзили дастрас” сохта шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.