Ҳолати блоггери узбек, ки мавриди ҳамла қарор гирифт, сангин боқӣ мемонад

Як фаъоли ҳуқуқ аз Узбекистон баъди латукӯби шадид аз ҷониби афроди ношинос дар беморхона бистарӣ шуд. Блоггери 29-сола бо интиқод аз ҳукумати Узбекистон ва даъваташ ба бекор кардани  пайгарди ҷиноии афроди ҳамҷинсгаро маъруф буд. Табибе дар Бемористони шикастабандии шаҳри Тошканд рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Миразиз Бозоровро шаби гузашта бо чандин захми бадан, аз ҷумла, узвҳои дарунӣ ва пойҳо оварданд, устухони як пояш шикаста буд ва дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт. Рӯзи 30-юми март Радиои Озодлик навишт, ки ташхиси Бозоров вуҷуди осеби майнаи сарро тасдиқ кард ва ҳолати ӯ сангин боқӣ мемонад.

Табибон гуфтанд, ки ҳолати Бозоров бисёр сангин аст ва ӯ барои як амалиёти ҷарроҳии майнаи сар бояд ба беморхонаи дигар интиқол дода шавад. Яке аз ҳамсояҳои Бозоров, ки шоми 28-уми март шоҳиди ҳамла будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамлагарон се нафар буданд ва яке аз онҳо дар даст  чӯби бейсбол дошт. Ба гуфтаи шоҳид, ҳамлаву латукӯб тахминан 3 дақиқа идома кард ва дар ин фурсат онҳо тавонистанд Бозоровро бисёр сахт маҷрӯҳ кунанд. Ҳамла ба ин ҳомии ҳуқуқро раҳбари дафтари Аврупо ва Осиёи Марказии созмони Human Rights Watch Ҳю Уилямсон маҳкум кард ва гуфт, “Узбекистон моҳи ҷорӣ ӯҳдадор шуд, ки меъёрҳои ҳуқуқи башарро иҷро мекунад. Бояд иҷро кунад”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.