ҲОЛО ТОЛИБОН ДУО МЕКУНАНД, КИ АМРИКОИҲО БА АФҒОНИСТОН БАРГАРДАНД

Мусоҳибаи ихтисосии Адолати Мирзо сарюадири “Миллат” бо доктори илмҳои таърих, професссор, раиси Маркази мутолиоти Афғонистонва минтақа Қосимшо Искандаров


 

Толибон киҳоянд, азкуҷопайдошудаанд? Пуштибонионҳокӣ будва кӣ аст?

Як мушкили асосӣ дарибтидоипайдоиши ҷунбиши«Толибон» посухи дуруст ёфтан ба ҳаминсавол буд, зеро дар аввал ба дурустӣ касеинҳоронамешинохт. Кистанд, ҳадафиасосиашончист? Азтарафикадомнеруеёсозмонудавлатибегонаебаҳричӣ аҳдофесохташудаандвакумакмешаванд. Сирри пешравиҳои бошитобашон дар чист?

 Фаҳмишиибтидоӣ дарбораиҷунбиши“Толибон” соли 1994 инбуд, кион гӯё як ҷунбишихудҷӯшаст ва давлати устод БурҳониддинРаббонӣ хостонробамақсадиоварданиоромиюсуботбарзиддимухолифонидавлатистифодакунад. ЯънеустодРаббонӣ дар аввал на танҳобарушдифаъолиятитолибон мухолифат накард, балки ба онҳокӯмакимолӣ намуд. Ҳамноми ӯ МуллоРаббонӣ, якеазроҳбарони Толибон аз Қандаҳор ба Кобул омада, президентро мӯътақидсохт, ки ҷунбишинавбарои халъи силоҳигурӯҳҳои ғайримасъул, кушоданироҳҳо, таъминиамниятташкилмешавадваба ҳеҷ ваҷҳ иддаои ҳокимиятронадорад. Б.Раббонӣ ба гурӯҳҳоивобастаба ҳизби Ҷамъияти исломӣ дар Қандаҳордастурдод, кибатолибонёрӣ расонанд. Тибқи ҳаминнақшабуд, киин ҷунбишмебоист ҳамчун ҷунбишихудҷӯшваафғонӣ бар зидди бесуботӣ, анархия ва фасод, бо пупгтибонӣ аз ҳукуматиКобуламал мекард.УстодБурҳониддинРаббонӣ дар мулоқот бо ҳайати тоҷикистонӣ дар Конфронси байналмилалии масъудшиносӣ дар Кобул, моҳи сентябри соли 2002, ки банда ҳам ҳузурдошт, инро эътироф кард, ва гуфт: «Мо мутаассифона, толибонро дер шинохтем». То ки толибонро шинохтанд онҳо ба дарвозаҳоиКобулрасиданд. То он замон, яъне солҳои 1994-1996 давлат ба онҳокӯмакмекард, ҳавопаймоҳои ҷангии давлат мавзеъҳоирақибонионҳоробомбаборонмекарданд. Маҳаллаи Чоросиёб, маркази фармондеҳии Гулбиддин Ҳикматёр, ки аз тарафи нерӯҳоидавлатӣ ишғолгардид, ба ихтиёри толибон супорида шуд. Ҳаттодар 20 километрииКобултехникаи ҷангиитолибоназтарафимутахассисонидавлаттаъмирмешуд.

 

 Чӣ заминаҳое барои дар муддати кӯтоҳ шакл гирифтани ин ҷунбиш мавҷуд буд ва чаро як ҷунбиши тамоман ношинохта ба зудӣ пирӯз шуд?

 

Албатта чунин заминав а шароит барои зуҳуритолибон вуҷуд дошт. Баъди сарнагун гардидани ҳукуматиНаҷибулловабасари қудратомадани муҷоҳидон, як марҳилаинави ҷанг, акнунбайнигурӯҳҳоётанзимҳои ҷиҳодӣ оғозшуд. Дарнатиҷаиинзадубандҳо Афғонистонбачандинмаркази қудратмиёнигурӯҳҳо ва аҳзобимухталифтақсимшудабуд, ки ҳарякедаъвоибузургӣ дошт ва кӯшишмекард, дарсиёсатгузориҳоихудаз давлат мустақилбошад. Вилоятҳоишимолӣ зери назорати «ҶунбишимиллииисломииАфғонистон»бороҳбарииА. Р. Дӯстум қароргирифтанд. Минтақаи ғарбӣ ва ҷанубу ғарбӣ, бо 5 вилоят дар ихтиёри Муҳаммад Исмоилхон буд, ки бо вуҷудивобастагиашба ҳизби «Ҷамъияти исломӣ»-и Б. Раббонӣ ва эътирофи давлат худро чандон пойбанди сиёсат ва дастурҳои ҳукуматимарказӣ намедонист. ҚисматишарқииАфғонистоназтарафи«Шӯрои ҷиҳодии Нангарҳор» ба раҳбари Ҳоҷӣ Абдулқадир ва вилояти Қандаҳорбадастичандинтанзимҳои ҷиҳодӣ идора мешуданд. Пойтахти кишвар ҳамчунонмиёнигурӯҳҳои гуногун тақсимшудабуд. Ҳаминбесуботӣ, нооромию беамниятӣ ва қудратисилоҳ буд, ки қумандононимаҳаллӣ дар чулу чаповул, ғаротгарӣ, таҷовузбаномусиинсонҳодастибоздоштанд.Қумандононимаҳаллӣ барои ба даст овардани пул ҳамачизробапокистониҳомефурӯхтанд. Ҳатто дарахтҳобераҳмонабуридашуда, ба Покистон мерафт. Бо мардум ҳарчи мехостанд, мекарданд. Молу хонаҳоионҳоробазӯрмегирифтанд. Духтаронуписарони ҷавонробамақсадҳоишаҳвониихудмерабуданд. Дар роҳҳоирафтуомадсари ҳар қадам постҳои қумандонон ҷойгирбуд, киазмардумбоҷ мегирифтанд.

Ин вазият махсусан, дар Қандаҳор ғайри қобилитаҳаммулбудвадарчуниншароит, мардумибадодомадаро агар ҳаркасеба қиёмбарзидди фисқуфасод ва истибдод, ба хотиру назму тартибот ва халъи силоҳ даъватмекард, аз ӯ ҳимоятмекард. Даринзамоншахсонизиёдедарпайитағйиривазъбуданд. Муҷоҳидинисобиқ ҳамдар Қандаҳорсариинмасъалабаҳсмекарданд.

 

Аммо чаро маҳз Мулло Умар, ки он вақт чандон машҳур ҳам набуд, ҳатто як қумондони хурд ҳам шинохта намешуд?

 

Дарбораиинкичӣ гуна Мулло Умар тавонист, гурӯҳихурдиталабаҳоробарзидди қумандононибераҳми Қандаҳорбархезонад он вақт достонҳоизиёдебарсаризабонҳобуд. Яке аз достонҳои эътимодноктарини онҳочунинаст: «Дарбаҳорисоли 1994 сокинонимаҳаллаиСангсор (МуллоУмармуллоимасҷидионбуд) барои шикоят аз як қумондонназдиМуллоУмаромаданд. Онҳоизҳордоштанд, киякеаз қумондонондудухтари ҷавонрорабуда, сарҳояшонротарошидааствапасазбурдан,дарякпойгоҳинизомӣ мавриди таҷовуз қарордодаанд. МуллоУмарбо ҷамъоварии 30 нафар аз муридонаш, ки танҳо 16 нафарашонмусаллаҳ будандбапойгоҳи қумондонимазкур ҳамланамуда, пасазозодкарданидухтаронфармондеҳи ҷинояткорродармилитанкбадоровехтанд. Чандмоҳ баъдазин ҳодисаду қумондонидигардар Қандаҳорбарзиддиякдигар қароргирифтанд. Ин дафъа мавзуиаслӣ писарбачае буд, ки ҳарякеазинду қумондонхоҳонионбуданд. Дар ҷанге,ки байни онҳодар гирифт, чандин нафар кушта шуданд. ГурӯҳиМуллоУмарписарбачароозод кард ва пас аз он мардум бо иштиёқ аз ӯ хоҳишнамуданд, кидар ҳалли дигар низоъҳо ҳам ба онҳокумаккунад. АкнунМуллоУмарнақши «Робин Гудро» иҷромекард, кидар ҳарлаҳзабароикумак ба мардум, бо қумондонҳоизургӯ даргирмешуд. Ӯ баивазиинкӯмак ҳеҷ подошталаб намекард. Хостаи ӯ якчизбуд: инкибарои эҷоди як низоми исломии ноб аз ӯ пайравӣ кунанд.

 

  Албатта, бо назардошти таҷрибаи мудохилоти хориҷиҳо ин шояд як тарафи ҳақиқатдарбораизуҳуриТолибонваёзоҳири қазиябошад?

 

 Бешубҳа, вазъи бади Афғонистонва ҷиноятухиёнатҳоифармондеҳонбоисибадбиниифазояндаимардумнисбатигурӯҳҳои ҷиҳодӣ шуда буд. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ гурӯҳи«синафарииМуллоУмаркинисфашяроқ надоштааст»наметавонист, бидуникӯмакихориҷӣ, дар як муддати кӯтоҳ баякнерӯипуриқтидормубаддалшавад. Бешубҳа, дарзуҳуриин ҷунбишдар қаториомилидохилӣ омилҳоихориҷӣ нақшимуҳимбозидаанд. Дар бисёр маврид дастҳоихориҷӣ кӯшидаандтомухолифатҳоибайниаҳзобвагурӯҳҳородоманзананд,то гурӯҳ ёнеруи қобили қабулионҳоазимтиёзотибепггаредар қудратбархурдорбошадваё ҳукумате, ки қобили қабулионҳонест, заъиф гардад. Бинобар ин, зуҳуритолибонроба ҳеҷ ваҷҳ наметавонбидунипайвастагииавомилидохилӣ ва хориҷӣ баррасӣ намуд.

Бешубҳа, Покистондарравандишаклгирӣ ва тақвиятитолибоннақшиумдадошт. ТолибонаксарандарПокистонбавоярасидаанд, дармадорисидинии ҳизби «Ҷамъият-ул-уламои ислом», дар Покистон хондаанд. Ин ҳизб аз ду ҷиноҳи асосӣ иборат буд, ки ба онҳо Мавлоно Фазл- ур-Раҳмон ва Мавлоно Самеъулҳақ роҳбарӣ мекарданд. Инҳо паштунанд ва дар миёни пуштунҳова балуҷҳотарафдоризиёддорад. МавлоноФазлурРаҳмонбонахуствазири онвақтаиПокистонБеназирБҳуто робитаи наздик дошт. Дар соли 1993 ҷиноҳи ӯ ба эътилофи интихоботии Беназир Бхуто пайваст ва ин эътилоф пирӯз шуда, Беназир сарвазири Покистон шуд, ки дар рушди толибон ва ба як неруи пуриқтидор табдил ёфтани он нақши калон дошт. Мавлоно Фазл-ур-Раҳмон ин ҷунбишидар ҳолиташкилроба Созмони истихборотии артиши Покистон (ISI) муаррифӣ кард.

 

Аммо чаро Покистон дар фикри тағйиригурӯҳивобастаихуддарАфғонистоншуд? Ба назар мерасад то он вақт асосан аз Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр пуштибонӣ менамуд?

 

Гап дар он аст, ки аз аҳзобиисломии тундрави Покистон ду ҳизбиасосӣ бештарин ҳимоятроазмуҷоҳиддиниафғонвадармаҷмуъазмуҳоҷирониафғонӣ мекарданд. Яке«Ҷамоатиисломӣ»вадигаре«Ҷамъиат-ул-уламои ислом» буданд.  Дар солҳои ҷангбоИттиҳодиШӯравӣ таваҷчуҳи Покистон ва баъзе кишварҳои арабӣ асосан ба аҳзоби пайрави «Ҷамоати исломӣ» ба мисли ҲизбиисломииАфғонистон бо раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр, Ҷамъияти исломии Афғонистон, роҳбараш Бурҳониддин Раббонӣ, Иттиҳоди исломӣ барои озодии Афғонистон, бо роҳбарии Абдурраб Расули Сайёф ва ғайра равона шуда буд ва кумаки асосии низомӣ ҳамбаон ҳизбҳо расонида мешуд. Гарчанде Покистон асосан ба Г.Ҳикматёр такя мекард. Аммо баъд аз суқутиНаҷибуллоГикматёрдигарнатавонист ҳадафҳоиПокистонробаровардакунад. Ӯ дармуборизабо Ҷамъияти исломӣ бароҳбарии Б.Раббонӣ вафармондеҳииА.Масъудшикастхурд.

 Дар ин давра, киИтгиҳодиШӯравӣ пош хӯрда буд, Покистон дар фикри ба роҳ мондани ҳамкориҳовадодуситадбакишварҳоиОсиёиМарказйбуд, вале ҷангиАфғонистон, баинхалалмерасонд.

Стратегияи Покистон дар бунбаст қарордошт. Оёбапуштибонии Ҳикматёридомадиҳадваё ҷонибдориихудроаз ҳукуматиэътилофӣ бо роҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ эълон кунад. Бардошти 1S1 ин буд, ки ҳукумати ғайрипуштунӣ ҷавобгӯиманфиатҳоиПокистоннест. ТабиатандарзаминаисиёсатгузориҳоиПокистондариртиботи АфғонистоннақшиартишиПокистонва 1S1 бузург буд. Дар артиши Покистон 20 фоизи кадрҳоиолирутбаропуштунҳоташкил мекарданд.Артиш ва таблнғотибунёдгароёниисломӣ дар дарунн 1S1 омили таъинкунандаи пирӯзии паштунҳобуд.

Баъди шикасти Ҳикматёрдар аввали соли 1994 Покистон дигар рағбатисармоягузорӣ ба ин нерӯишикастахӯрдаронадоштвадарфикрипайдо кардани нерӯидигарбуд.

Сарвазири Покистон Б.Бҳуто даршароите, кироҳитранзитӣ ба воситаи Кобул-Ҳайратон ба Осиёи Миёна баста буд, кӯшиш кард, аз тариқи Қандаҳорирот-Туркманистон роҳитиҷоратиробозкунад. Аммо муҷоҳидониКандаҳорбамудохилаиПокистон зид буданд. Маҳздар ҳамин давра Насрулло Бобур, вазири корҳои дохилии Покистон рӯикоромад. Ӯ батаврианъанавӣ бо хонаводаи Бҳуто наздик буд. Намояндагони 1S1 ва Бобур бо гурӯҳиМуллоУмар диду боздидҳокарданд ва мӯътақидшуданд, кисарионҳометавонсармоягузорӣ кард. Ҳаминтавр, Мулло Умар бо ёрии Покистон дар атрофаш шиносҳоидеринаашро, ба мисли МуллоМуҳаммад Ҳасанолораисулвузарои ҳукуматидувумиТолибон), Мулло Ғафс, МуллоМуҳаммадРаббонӣ (аз касалии саратон даргузашт) ва Мулло Умар, ки асосан ҳамаурузгониаслбуданд, ҷамъкард, кионҳобаъдан муассиси ҷунбиши«Толибон»шинохташудаанд. Аз ҳамонибтидоПокистонвазоифивобастабаомӯзишиафрод, кӯмакҳоимолӣ ва таъмини ҳамачизизарурироба ӯҳдагирифтабуд. Ҷангиёни толибон аз ҷумлаиталабаҳоимадорисидинииПокистонпуррамешуд. Роҳбарониин ҷунбишдар ҷалбиошкорои толибони мадориси динӣ ба ҷангдарАфғонистондастибоздопгганд. ҲукуматиПокистоннатанҳомонеисарбозгирӣ намешуд, балки бо хоҳишн роҳбаронитолибон мадорисро мебаст, то ки онҳобарои ба ҷанграфтанозодшаванд. Гузашта аз ин, садҳоиафаразафсарони қушунҳоимахсусиартиши Покнстон дар сурати зарурӣ мставонистанд ба ҷабҳаи, Афғонистонфиристодашаванд.

Аммо, бешубҳа, ин Покистон танҳонабуд, киТолибонротаъсисдодвакумакмекардукумакмекунад. Собиқ сарвазири Покистон Бсназир Бҳуто тайи мусоҳибаитслсвизиониихуд, дар ҷавобба пурсиши хабарнигори Би-Би-Си, ки чаро Покистон аз ҳаракатииртиҷоиитолибон ҳимоятмекунад,гуфт: «Покистондаринробитатанҳонест, нақшаи ин ҷунбишазанглисҳост, сарпарастиашонбадӯшиАмрико, таъминипулиионазкишварҳоиХалиҷ аст. Покистон танҳоомӯзишиононроба ӯҳдадошт».

 

Идеологияи «Толибон» чист?

 

Албатта дар як ду сухан мушкил аст то ба таври бисёр оммафаҳмидеологияи Толибонро шарҳ дод. Ба ҳарсурат, ҳаминробоядтаъкидкунем, киидеологияи Толибон як тафсири радикалӣ азидеологияимактаби Девбанд аст. Мактаб ё дорулулуми Девбанд дар наздикии шаҳриДеҳлӣ дарсоли 1867 таъсисшудааствадармаҷмуъдаронзамон ҳамчунаксуламалбасиёсатиистеъморииАнглиядар Ҳиндустонба вуҷудомадабуд як ҷунбишиислоҳталабвапешрав ҳисобмешуд.

Девбандизм дар умум ба унвони як шохае аз мазҳаби суннии ҳанафӣ дониста мешавад ва аз ин ҷост, ки толибон дар мазҳаб ҳанафӣ ва дар ақида пайрави Мотуридӣ хонда мешаванд. Аммо як аслро бояд ба назар гирифт, ки ба ақидаи девбандиҳо пайравӣ аз як мазҳаби фиқҳӣ ё калом ба маънои пайравӣ аз тамоми усулу ақидаи он мазҳаб ва имоми он нест. Уламои Девбанд ба ивази тақлид аз мактаби фиқҳии ҳанафӣ тақлид аз мазоҳиби чоргонаи аҳли суннатро лозим ва зарурӣ медонанд. Аз ин ҷост, ки Толибон як тафсири радикалиро аз мактаби Девбанд гирифта, онро бо суннатҳои қабилавии худ омехта карданд, ки дар ҳеҷ ҷойи дунёи ислом назир надорад.

Нависанда ва рӯзноманигори покистонӣ Аҳмад Рашид дуруст навиштааст, ки «андешаи девбандӣ замоне барои ислоҳи ҷомеаи исломӣ ба вуҷуд омада буд, аммо вақте дар қомати Толибон даромад яке аз хашинтарин чеҳраҳои худро ба намоиш гузошт».

Гузашта аз он, дар давоми қариб 30 соли мавҷудияти Толибон идеологияи он дучори таҳаввули ҷиддӣ гардидааст. Имрӯз коршиносон ҳангоми муқоисаи Толибон бо ДИИШ ба ду нишона такя мекунанд ва аз рӯи онҳо ба Толибон бартарӣ медиҳанд. 1) Толибон ҳанафимазҳабмебошандва 2) Толибонхилофатгаронестанд. ЯънеаҳдофионҳоберуназАфғонистоннестваонҳо ҳамчунгурӯҳимиллӣ-озодихоҳӣфақатдарпайиэҳёиАморатиисломии Афғонистонмебошанд. Мушкилиасосӣ ҳамдар ҳаминаст, ки мо ба таври дуруст ба ақидаионҳо сарфаҳмнамеравем. Механизми қабули қарор ва баҳс дар бораи он, сохтори Толибон, махсусан фаъолияти роҳбари он махфӣ аст. Солҳо касе амиралмуминин Мулло Умарро надида буд. Баъд аз ду соли фавташ эълон шуд, ки ӯ фавт карда будааст. Амиралумуминини имрӯзаи онҳо – Мулло Ҳайбатуллоро ҳам касе намебинад. Фақат як акс аз ӯ дар расонаҳо сайру гашт дорад.

Ин дар ҳолест, ки ба назари мутахассисони исломшинос муҳимтарин асл дар андешаи сиёсии Девбандӣ ва дигар гурӯҳҳои бунёдгаро, аз ҷумла Толибон эҳёи асли Хилофат дар низоми сиёсии Ислом, ё баргашт ба низоми сиёсии садри ислом аст.

Толибон бо эътиқод ба асли Хилофат пеш аз дастёбӣ ба кадом пирӯзиии муҳим, пеш аз ҳама дар Қандаҳор маҷлисе оростанд ва Халифаи давлати эҳтимолии ояндаи худро таъин намуданд. Чуноне маълум аст аз ҳамон ибтидо раҳбарони «Толибон» сохтори сиёсии Афғонистони ояндаро дар шакли Хилофат медиданд. Онҳо таъкид мекарданд, ки «зарурати эҷоди шакли нави сохти сиёсӣ нест ва бояд меъёрҳои давраи паёмбар Муҳаммад ва хулафои Рошидин асос қарор дода шаванд ва мақсади ягонаи онҳо бозгашт ба «даврони тиллоии ислом» аст. Муҳаққиқин ба ин назаранд, ки мақсади ташкили Хилофат дар доираи Афғонистон маҳдуд намешуд. Рӯзномаи толибонии «Тулуи афғон», чопи Қандаҳор навишта буд: «Давлати исломӣ на аз рӯи асли миллию ҷуғрофиёӣ, балки аз рӯи асли идеологӣ ташкил мешавад. Аз ин рӯ, фарқияти забонӣ, нажодӣ, эътиқодоти динӣ, нишонаҳои ҷинсӣ наметавонанд доираи ин давлатро маҳдуд кунанд. “Орзуи ниҳоии мо, -навишта буд рӯзнома, – он аст, ки тамоми кишварҳои исломӣ дар ниҳояти кор дар як Хилофати ягона ва тақсимнашаванда муттаҳид шаванд».

Бояд зикр намуд, ки баъзе коршносон ақида доранд, ки модели Аморати исломӣ ва амир-алмуминин, ки Толибон қабул карданд, баргирифта аз андешапардози созмони девбандии Ҳинд «Ҷамъият-ул- уламои Ҳинд» Абукаломи Озод аст. Маҳз Озод аввалин бор чунин модели Хилофатро дар шакли Аморати исломӣ пешниҳод намуда буд ва ҳизби «Ҷамъият ул уламои ислом»-и Покистон, ки ҳомии Толибон аст, аз «Ҷамъият-ул- уламои Ҳинд» ҷудо шуда буд.

Аз шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳибаи яке аз раҳбарони Толибон Мавлавӣ Инъомуллои Самангониро шунидед, ки мегуфт «амиралумини мо амиралмуминини тамоми мусулмонон аст, аммо Аморати исломӣ имрӯз азбаски қудрат ва имконот надорад, аз нигоҳи шаръӣ уҳдадор нест, ки кишварҳои дигари мусулмонии минтақаро ба байъати худ дарорад». Яъне мантиқан агар Аморати исломӣ чунин қудрат пайдо кунад, ин корро мекунад, ё аз назари шаръӣ уҳдадор ба чунин коре мешавад.

Нишонаи дигари тафаккури девбандӣ, аз ҷумла Толибонмухолифат ба баргузории ҳама гуна интихобот мебошад. Зеро интихобот, ба назари онҳо як тақлиди ғайри исломӣ мебошад. Муаллифи китоби «Мактаби Девбанд» Суҳайло Амон навиштааст, ки Уламои Девбандӣ бовар доранд, ки «дар паспардаи низоми ҷумҳурӣ фалсафае нуҳуфтааст, ки ба ҳеҷ унвон ба дин ҳамхонӣ ва ҳамсӯӣ надорад ва яке аз лавозими он қабул намудани низоми секулор аст. Онҳо муътақиданд, ки «ҷумҳурият ба аксарияти оро мақоми худоӣ дода аст ва ҳеҷ гуна тасмим ва ҳукми он рад намешавад. Ҳак дар тарафе аст, ки аксарияти оро бошад.  Эътиқоди онҳо ба ин аст, ки райъи аксарияти мардуми авом ҳаргиз наметавонад меъёр қарор гирад. Зеро авом аксаран камсавод ё бесаводу ноогоҳ мебошад».

Девбандиҳо ҳукумати фардиро мавриди қабули ислом медонанд, ки аҳкоми ниҳоӣ то ҳадди зиёде дар ихтиёри халифа ва ё амир-ал-муъминин мебошад.

Мухолифат бо арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни Ғарб дар маҷмуъ яке аз шиорҳои асосии тамоми гурӯҳҳои исломӣ аст. Аммо Толибон дар фарқият аз дигар гурӯҳҳо маданияти ғарбиро ба таври мутлақ рад мекунанд ва инро асоси тафаккури худ қарор додаанд. Масалан, гурӯҳҳои ихвонӣ (Бародарони мусулмон) бо диди интиқодӣ ба арзишҳои фарҳангии Ғарб менигаранд ва зимни радди ҷанбаҳои манфии он аз қабули ҷанбаҳои мусбати он истиқбол мекунанд. Аммо толибон як мухолифати таассубомез нисбат ба навовариҳои фарҳангии ғарбӣ, ба мисли мусиқӣ, телевизион, наққошӣ, синамо ва ғайра доранд.

Бо вуҷуди ин,  имрӯз мебинем, ки толибон дар мубориза бо нишонаҳои зоҳирии тамаддуни ғарбӣ дучори мушкилот ва зиддият шудааанд. Яъне онҳо, аз як тараф мухолифати ошкорои худро бо зоҳири фарҳанги ғарбӣ изҳор медоранд ва аз тарафи дигар ба таври васеъ дар фаъолиятҳои рӯзонаи худ амалан аз онҳо фоида меҷӯянд.

Толибонизм бунёдгароии ифротии даврони садри ислом ва миёнаро «давраи тиллоӣ» ва дур аз ҳар нав хато ҳисобида, оид ба тафсирҳои динии он давраэътиқоди сахт дорад. Иҷтиҳоду исбот дар ин мактаб ҷой надорад ва бефоида аст. Онҳо кӯшиши исботро қабул намекунанд.

Толибон хоҳони бозгашт ба асри қабл аз таҷаддуд ва тафсири сахтгирона аз мафҳумҳои динӣ дар умури иҷтимоӣ мебошанд.

Рафтори золимона ва сахтгиронаи онҳо бо занон ва навъи дидашон ба нақши иҷтимоӣ ва тарбиявии зан дар ҷомеа реша дар ҳамин руҳи салафигарии девбандии онҳо дорад, ки бо заруроти зиндагии имрӯза тамоман бегона аст.

 

 Артиши Шӯравӣ ва давлати вобастаи Маскав дар он солҳо бо муҷоҳиддин ҷанг мекарданд, акнун соли 1994 ҷойи онҳоро толибон гирифтанд. Ба ҳар сурат байни ин ду гурӯҳ тафовути асосӣ дар чист?

 

Чуноне дар боло ишора намудам, муҷоҳидони Афғонистон ба чандин ҳизбу гурӯҳҳои исломӣ тақсим мешуданд. Роҳбарияти ҳафт ҳизби бузургтарини исломии суннӣ дар Покистон қарор дошт, ки онро бо номи «аҳзоби ҳафтгона» ҳам ном мебурданд. Инҳо боз ба аҳзоби суннатгаро ва бунёдгаро тақсим мешуданд.

Соли 1985 се ҳизби суннатгароабҳаимиллии наҷотиАфғонистон (С.Муҷаддадӣ), Ҳаркатиинқилоби исломии Афғонистон (М.Н. Муҳаммадӣ), МаҳозимиллииисломииАфғонистон (С.Гелонӣ) ва чор ҳизбибунёдгаро – ҲизбиисломииАфғонистон (Гикматёр), ҲизбиисломииАфғонистон (Ю.Холис), ҶамъиятиисломииАфғонистон (Б.Раббонӣ) ва Иттиҳодиисломӣ барои озодии Афғонистон (А.Р.Сайёф) бономи«ИттиҳодиисломиимуҷоҳидиниАфғонистон», бонигоҳ доштанимустақилиятисозмониихуд, муттаҳидшуданд. Албатта вобаста бо имкониятҳои худ ҳамаи ин аҳзоб гурӯҳҳои мусаллаҳ доштанд ва дар мубориза бо қӯшунҳои шӯравӣ ва давлати коммунистии Кобул саҳм доштанд. Зимни ин, аҳзоби сунатгаро аз аҳзоби бунёдгаро ҳам аз нигоҳи аҳдофи сиёсӣ ва идеологӣ, ҳам аз нигоҳи таркиби иҷтимоӣ ва ҳам аз нигоҳи қавмӣ аз якдигар фақ доштанд. Ссозмонҳоисуннатгаро он вақт тарафдорибарқароркарданинизоми анъанавии шоҳӣ буданд. Аз нигоҳитаркибииҷтимоӣ пайравони ин се ҳизбаз ҷумлаируҳониёнианъанавӣ, муллоҳо, шогирдонимадорисидиннии ғайридавлатӣ, хонҳо, мутанафизини қавмӣ ва сарони қабоилбуданд.

Аз нигоҳитаркибиэтникӣ пайравони ин се ҳизб қарибпуррапаштунҳобудандвадоираи нуфузашон қисматҳои ҷанубӣ ва ҷанубушарқии мамлакат буд. Фақат Ҳаракатиинқилобиисломӣ, азбаски пайравонаш бештар аз мадориси динӣ баромада буданд ва роҳбарионМ.Н.Муҳаммадӣ замоне дар шимол кор карда буд, дар байни ӯзбекҳоишимолтарафдордошт.

Бояд гуфт, ки Ҳаракатиинқилобиисломӣ ягона ҳизбе буд, ки тафаккури девбандӣ дар он ҳоким буд ва пайравонаш пурра аз ҳамон мадрасаҳои девбандӣ фориғ шуда буданд. Сохтори ду ҳизби дигар, ки роҳбари яке аз онҳо пири тариқати Нақшбандия ва дигараш пири тариқати Қодирия буданд дар асоси муносиботи пиру мурид ташкил ёфта буд.

Чор ҳизбибаъдӣ ҳамчун ҳизбҳои бунёдгаро машҳур буданд. Аз нигоҳитаркибииҷтимоӣ ҳастаиинчор ҳизбронамоядагонитабақаимиёнаишаҳрӣ муаллимон, донишҷӯён, хизматчиёнидавлатӣ, низомиён, ҳунармандон, аҳлитиҷоратва ғайра ташкил мекарданд. Аксари аъзои ин чор ҳизб, дарфарқиятазсуннатгароҳотаҳсилкардаҳоимактабҳои давлатӣ буданд ва ҳадафашон ташкили давлати исломӣ буд.

 Ҳизбҳои бунёдгаро зери таъсири ҳизби бунёдгарои «Ихвон-ул- муслимин»-и Миср таъсис ёфта буданд, ки дар Покистон онро ҳизби «Ҷамоатиисломӣ» бо раҳбарии Мавдудӣ намояндагӣ мекард. Ҳизбҳои бунёдгаро, албатта ҳадафи ташкили низоми исломиро доранд, аммо   дар фарқият аз суннатгароҳо ҷонибдори интихобот ва аз тариқи интихобот расидан ба қудрат мебошанд.

Ҳашт ҳизби калонтари шиамазҳаб дар Эрон марказҳо доштанд ва аз тарафи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ роҳбарӣ ва ҳидоят мешуданд.

Ҳизбҳои бунёдгаро бо далоили мухталиф, чуноне дар боло ишора шуд, натавонистанд як давлати исломии мутамарказ ва босубот ташкил диҳанд. Аз ин рӯ нерӯи нав ба майдон омад, ки асли онро шогирдони мадарасаҳои динии Покистон ташкил мекарданд, мадрасаҳое, ки вобастаи ҷиноҳҳои мухталифи ҳизби Ҷамъият-ул уламои ислом буданд. Ҳизбе ки тафаккури девбандӣ дар он ҳоким буд. Бояд гуфт, кидар Покистон мувофиқи омори Вазорати омори ин кишвар дар соли 2012 дар ҳудуди 20 000 мактаби мазҳабӣ фаъол буд, ки 3 млн талаба дар онҳо ба таҳсил фаро гирифта шуда буд ва аз ин макотиб 64 % девбандӣ буд. Як чизи дигар ҳам қобили зикр аст, ки дар ин омор фақат мактабҳои динии расман ба қайдгирифта дохил мешаванд. Ба ғайр аз ин ҳазорон мақтабҳои ғайрирасмии динӣ амал мекард, ки фарзандони муҳиҷирони афғон бештар дар ҳамин мактабҳо таҳсил мекарданд. Муҳититарбиятӣдаринмадрасаҳотавребуд, кинавҷавононбооилаҳоихудробитанадоштанд. Гузашта аз ин, бисёре аз ин шогирдон ятим буданд. Онҳонаслебуданд, кидарзерихаймаҳоилагерҳоигурезагондарПокистонбавоярасидабуданд. Дар ин лагерҳомактабвуҷуддоштвадаронҳоилмҳоиасрирониздарсмедоданд. Аммобаъзехонаводаҳофикрмекарданд таълимоти асрӣ боиси гумроҳииҷавононмегардадваонҳороаздиндурмекунад. Сабабидигаре, кигурезаҳофарзандонихудробамадорисидинӣмедоданд, инмасъалаифақрбуд. Дармадорисидинӣҳамачиз бепул буд. КишварҳоипулдориХалиҷиФорсбаинмадрасаҳопулизиёдкумакмекарданд. Шогирдондаринмадорис робитаикамебохонаводаихуддоштанд. Азлутфумеҳрубониимодармаҳрумбуданд. Онҳоазустодитоаткарданвабаӯэҳтиромгузоштанромеомӯхтанд. Дар ин мадрасаҳо толибон мебоист салла (дастор) мебастанд, риш наметарошиданд. Дар муҳитионҳо зан, махсусанзанитаҳсилкардаишаҳрӣҳуқуқидохилшуданнадоштвагузаштаазин, мавҷудихатарнокҳисобмешуд. Масалан дар мадрасаи Ҳаққония, ки онро Академияи ҷиҳод ҳам меноманд низоми сахт ҷорӣ аст. Дар ин мадраса ба ғайр аз таълими улуми динӣ боз таълими низомӣ ҳам вуҷуд дорад ва толибон дар машқгоҳҳои низомӣ дарси ҷиҳодро ҳам меомӯзанд.

Албатта, нақши талабаҳои мадориси динӣ дар ҷунбиш хеле барҷаста буд, аммо ин ба он маъно нест, ки ҷунбиши «Толибон» танҳо аз толибҳо иборат буд.Таркиби толибон оҳиста-оҳиста аз нерӯҳо ва гурӯҳҳои мухталиф пурра мешуд. Аммо ҳама ин гурӯҳҳо мебоист ба ҳадафҳо ва идеологияи толибон пурра итоат мекарданд. Толибон ба ҳеҷ ҳизбу гурӯҳҳе иҷозати фаъолият намедоданд.

 

Аз ин маълум мешавад, ки гурӯҳҳои муҷоҳиддин дар муборизаҳои байниякдигарӣ барои қудрат обрӯ ва ҳайсияту этимодро на фақат дар байни мардуми худ бохтанд, балки кишварҳои ҳамсоя ва дурро низ аз худ дур намуданд, ки боиси пайдоиши Толибон гардид?

 

Дуруст аст, омилҳо шикасти муҷоҳиддинро ба таври фишурда дар боло гуфтем. Ин гурӯҳҳо дар давоми ду соли ҳукумати худ обрӯи худро дар байни мардум резонида буданд. Онҳо нишон доданд, ки қодир ба ташкили давлати мутамарказ, таъмини суботу амнияти мардум нестанд ва ихтилофот байни онҳо васеътар мешавад. Бояд иловатан зикр шавад, ки ҷунбиши«Толибон»мебоистифодагариманофеидоираивасеинерӯҳоисиёсӣ, миллатгарою азаматталаб ва бунёдгароёни исломӣ дар дохил буда, манофеи геостратегии Покистон ва кишварҳоихориҷиробаровардамесохт. Аз ин рӯ, ин ҷунбиши навбаромад аз берун ба таври васеъ ҳимоят мешуд, ки дар марҳилаҳои аввал тавонист ба таври барқосо минтақаҳои васеи Афғонистонро зери назорати худ қарор диҳад.

 

Оё фарқ байни толибони аввал, солҳои 90-уми асри 20 ва толибони нав вуҷуд дорад. Ба ҳар сурат 20 сол гузаштааст?

 

Ҳоло ҳамин масъала дар байни коршиносон ва сиёсатмадорон мавриди баҳс қарор дорад ва бисёриҳо ба ин назаранд, ки толибони нав тағйир кардаанд ва он толибони солҳо 90-уми асри гузашта нестанд. Инро ба маъноитағйири мусбат дар Толибон мегӯянд ва таъкид доранд, ки бо ин ҷунбиш ҳамкорӣ шавад.

Дуруст аст, ки толибони асри XXI тағйир ёфтаанд, аммо ин тағйирот мусбат нест, баръакс тағйирот ба сӯи радикалӣ шудани он, ҳатто то сарҳади пазириши афкори ДИИШ ва пайвастани бархе аз гурӯҳҳо ба он ба мушоҳида мерасад. Бубинед, толибони солҳои 90-ум чуноне дар боло ишора шуд як тафаккури омехтаи девбандӣ ва қабилавӣ доштанд ва дар кулл пайрави мазҳаби ҳанафӣ буданд. Толибон барои ташкили Аморати исломӣ мубориза мекард ва дар паҳлӯи худ Усома Бини Лоданро ҳам дошт, аммо вақте Усома неруҳои худро ба ҷанги зидди Иттиҳоди Шимол фиристод байни Толибон ва қонунгузорониАлоидадарбораибаъземасъалаҳоиасосии ақидатӣ ба мисли иттиҳодбокофиронбарзиддимусалмонон, пуштибонӣ аззолимонватаҷовузкорон ва амалиёти истишҳодӣ, ки Толибон онро интиҳорӣ меҳисобанд ихтилоф ба вуҷуд омад. Ал-Қоида бо ҳама кумаке, ки ба Толибон мерасонид натавонист то соли 2001 дар тафаккури толибон як тағйироти қобили мулоҳизаро  барои қабулонидани тамоми афкори худ ба вуҷуд биёрад.

Аммо пас аз кушта шудани АҳмадшоҳиМасъудазсӯиАлоида, барқарор гардидани робитаҳои  Иттиҳоди Шимол бо Амрико дар тафаккури Толибон тахаввулот  ба вуҷуд омад ва ақидаҳоитакфирӣ тадриҷандарингурӯҳ пайдошуданд.

Як ҷараёни ақидатӣ тавассути ҷангҷӯёни раддаҳои дувум ва севум ва бархе аз раҳбарони радаи аввали “Шабакаи Ҳаққонӣ” вориди тамоми гурӯҳ шуд. Ин афрод касонеро, ки усули демократиро пазируфта буданд, такфир мекарданд, яъне кофар эълон мекарданд. Яъне акнун онҳомусулмононро такфир мекарданд. Ин дар ҳоле буд, дар солҳои 90-ум дар тафаккури толибонӣ ин чиз  вуҷуд  надошт. Ниҳоят кор ба дараҷае расид, ки гурӯҳе аз Толибон ҷудо шуда, ба ДИИШ-Хуросон пайваст. Аъзои ДИИШ –Хуросон аз кишварҳои арабӣ – Сурия ва Ироқ наомада буданд, ин ҳама афғон буданд ва ҳастанд, онҳо аз Толибон ҷудо шуда буданд. Ба ғайр аз ин, “Шабакаи Ҳаққонӣ” усулҳои фаъолияти Ал-Қоида ва ҳатто то ҷойе ДИИШ-ро ба роҳбарӣ гирифта буд ва як созмони ҷудо аз Толибон тасаввур мешуд, аммо дар асл ҷузъе аз Толибон аст ва роҳбари он Сироҷуддин Ҳаққонӣ, муовини роҳбари Толибон ҳисоб мешуд. Имрӯз вазири корҳои дохилии Аморати Исломӣ мебошад.

Баъд аз пайвастани гурӯҳе аз Толибон ба ДИИШ-Хуросон ҳанӯз дар даруни Толибон боз ҳам гурӯҳи дигаре вуҷуд дорад, ки бахши асосии сиёсати Ал-Қоидаро  пазируфтааст, аммо дар айни ҳол ба мазҳаби ҳанафӣ ҳам вафодориашро иброз медорад. Ин ба он маъно аст, ки Толибон  бахше аз усулҳоро, ки ба фоидаашон буд , қабул карданд, ба мисли такфири аъзои давлати Афғонистон ва ҳомиёни онҳо барои машруъият бахшидан ба террори онҳо. Зеро ин усул ба  мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ мухолифат мекард. Масалан террори устод Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ президенти Давлати Исломии Афғонистон, олими машҳури дин дар олами ислом дар соли 2011. Ба ҳеҷ ваҷҳ мазҳаби ҳанафӣ чунин як кореро машруъ намедонад. Агар Толибон пурра ҳанафимазҳаб ва дар ақида Мотуридӣ мебуданд  ба чунин коре фатво намедоданд.

Як тағироти муҳимми дигар дар тафаккури толибон  афзоиши амалҳои истишҳодӣ ё интиҳорӣ (шаҳодатталаб) ба муқобили давлати Афғонистон, сарбозони артиш, политсия ва куштори теъдоди зиёди ғайринизомиён  буд. Ин падида ҳам мухолифи асли мазҳаби ҳанафӣ аст, ки дар толибони марҳилаи дувум  бисёр  рушд кардааст. Кор ба ҷойе расид, ки ҳатто Адам Ғадан (машҳур ба Эъзом Ал Амрикоӣ), шаҳрванди Амрико, яке аз фаъолони Ал-Қоида аз Усома бини Лодан хоҳиш карда буд, ки байъати худро аз Толибон бишканад, зеро ки дасти ин гурӯҳ ба хуни афроди бегуноҳи зиёде оғушта шудааст. Бубинед, ҳатто дар Ал-Қоида толибон ва тафаккури толибониро маҳкум мекарданд.

                Ҳамин тавр, таҳаввул дар тафаккури толибони асри XXI онро дар ҷиноҳбандии хилофатгароен ба салафияти  ҷиҳодӣ шомил месозад.

Чуноне бархе аз исломшиносон ақида доранд аз нигоҳи идеологӣ хилофатгароён  ба се гуруҳ тақсим мешаванд, ки асоси ҳамаи  онҳо марбут ба  салафият аст: салафияти иршодӣ-таблиғӣ, салафияти  ҷиҳодӣ ва салафияти ҷиҳодӣ- такфирӣ. Намунаи салафияти иршодӣ-таблиғӣ чунин аҳзоби исломие ба мисли  «Ихвону-л-муслимин» (дар Миср), «Ҳизби исломии Афғонистон»ва «Ҷамъияти исломии Афғонистон» (дар Афғонистон), «Ҷамоати исломии Покистон» (дар Покистон) ва ғайра мебошанд, ки расидан ба қудратро аз роҳи демократия, таблиғ ва интихобот пеш гирифтанд, аммо таҷриба нишон дод, ки то ҳол чандон муваффақ нашудаанд. Таҷрибаи «Ихвону-л-муслимин», ки  аз тариқи интихобот Муҳаммад Мурсиро дар Миср ба курсии президентӣ расонид ва ноком шуд, мисоли равшани нокомии салафияти иршодӣ-таблиғӣ ҳисобида мешавад. 

«Ал-Қоида» ва ҷунбиши «Толибон» намунаи салафияти ҷиҳодӣ мебошад. Таҷрибаи чанд даҳаи гузашта нишон додааст, ки салафияти ҷиҳодӣ ҳам наметавонад ба ҳама интизориҳои исломгароёни радикал ҷавобгӯ бошад. Ба ин сабаб аз дохили салафияти ҷиҳодӣ ҷараёни сеюм- салафияти ҷиҳодӣ-такфирӣ шакл гирифт, ки гурӯҳи бо ном  «Давлати исломии Ироку Шом», баъдан «Давлати исломӣ», ки аз Ал-Қоида ҷудо шуд ва шохаи хуросонии он бо номи «Вилояти Хуросон» ё ДИИШ-Хуросон, аз “Толибон” баромадааст, ки муҳимтарин намунаи салафияти ҷиҳодӣ-такфирӣ аст.

 Дар  кадом шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигори афғон  бо яке аз толибон чанде пеш мусоҳиба карда буд. Рӯзномагинор мепурсад, ки касоне, ки бо хориҷиён ҳамкорӣ кардаанд, ҳукмашон чист? Ӯ ҷавоб медиҳад, ки онҳо аз дин баромадаанд, яъне кофир шудаанд. Пас ҳукми инҳо чӣ мебошад, – мупурсад рӯзноманигор. Толиб ҷавоб медиҳад, ки “қатлашон воҷиб аст”. Пас ин толиб аз як доишӣ чӣ фарқ дорад?

 

Дар ин шароит Афғонистонро чӣ интизор аст?

 

Ба ин савол ҷавоб додан ва ё пешгӯӣ кардани дурнамои Афғонистон бисёр мушкил аст. Аз як чиз нигарон мебошем, ки эҳтимолияти идомаи ноамниҳо, ҷангҳо, интиҳору инфиҷор, дарбадарию муҳоҷиратҳои мардум ва таҳдидҳо ба кишварҳои ҳамсоя идома меёбад.

Барои ин, ҷомеаи байналмилалӣ ба назари мо бояд роҳи ба таври радикалӣ ва ё бунёдӣ ҳалл кардани қазияи Афғонистонро пайдо кунад. Масъалаи терроризму ифротгароӣ танҳо нест, ки вазъиятро ноором месозад. Ба ибораи дигар рушди экстремизму терроризм дар ин кишвар пайомади ихтилофҳои ҷиддии дигар  мебошанд. Яке аз масъалаҳои низоъангез ихтилофҳои қавмӣ ва ё ба мафҳумҳои дар давраи шӯравӣ азбаркардаамон «ҳалл нашудани масъалаи миллӣ» дар Афғонистон аст.

 Кадом масъалаеро нагиред боз ҳам агар амиқтар таҳлил кунед ангеза ва ё сабабаш масъалаи қавмӣ аст.Ҳама чиз дар меҳвари қавм, ихтилофҳои қавмӣ мечархад.

Ҳатто Толибон, ки як ҷунбиши мазҳабӣ аст, боз ҳам дар сиёсат ва амалкардҳои он манфиатҳои қавми паштун,  соҳиби қӯдрат будани он  дар авлавият қарор доранд. Хилофатгароӣ ва ё амиралмуминин хондани роҳбари Толибон ҳам ҳамин аст, ки дигар қавмҳо даъвои роҳбарӣ накунанд. Ҷолиб ин ҷост, ки Шоҳ Валиуллоҳи Деҳлавӣ яке аз вежагиҳои халифаро «шарофати насабӣ ва қавмӣ» донистааст, ки ин ақида бо тафаккури имрӯзии Толибон, ки худро мутааллиқ ба як қавми бартар (паштун) медонанд, комилан мувофиқ аст.

Паштунҳо новобаста аз гароишҳои сиёсию идеологиашон, хоҳ демократ бошанд ва хоҳ коммунисту хоҳ либерали тарбияёфтаи Амрико дар масъалаи ба паштунҳо тааллуқ доштани қудрати сиёсӣ бо толибон ҳамақидаанд.

Бинобар ин, роҳи ҳалли масъалаи миллӣ бояд ёфта шавад, яке аз роҳҳои он ғайримутаммарказ гардонидани Афғонистон аст. То имрӯз кадом гурӯҳе агар пешниҳоде  дар ин бора мекунад, онро рад месозанд, гӯё ин боиси таҷзияи Афғонистон мешавад. Ба ғайр аз таҷзия моделҳои гуногуни дигари ғайримутамарказ сохтани қудрат вуҷуд дорад, ки дар дунё таҷриба шудааст ва суботу ваҳдати миллиро таъмин менамояд. Фақат бояд оромона, бидуни ҳассосият ин роҳҳо омӯхта ва пешниҳод шаванд. Барои анҷоми ин кор, ман дар як мусоҳибаи дигар гуфта будам, ки эҳтимол ворид намудани нерӯҳои сулҳхоҳи СММ ва зери назари он баргузор намудани интихобот мувофиқи мақсад бошад. Аммо то интихобот роҳи душворе дар пеш аст, зеро Толибон ба ҳеҷ навъ интихобот розӣ нестанд.

 

Ҳоло дар бораи пайомади ба сари қудрат омодани Толибон назарҳои гуногун вуҷуд дорад. Баъзе аз омадани Толибон хушбинанд, ки ниҳоят баъди даҳсолаҳои ҷангу хунрезӣ  сулҳу субот таъмин мешавад. Дигарон, баръакс толибонро як таҳдид, пеш аз ҳама бари кишварҳои ҳамсоя медонанд ва огоҳ мекунанд, ки дар Осиёи Марказӣ минтақаи ноамн ба вуҷуд хоҳад омад.  Шумо аз кадоме аз ин пешгӯиҳо ҷонибдорӣ мекунед.

 

Бале, дуруст аст, ки арзёбиҳо дар бораи толибон фарқ мекунанд ва назарҳо ҳам гуногунанд. Касоне, ки онҳоро таъриф мекунанд далелҳоеро пеш меоранд ва онҳое ҳам ки ба омадани сулҳу субот дар Афғонистон бовар надоранд, далел доранд.

Дар ин ҷо меъёри асосӣ бояд сиёсатҳо ва кору фаъолияти амалии толибон бошад. Дар зарфи 4 моҳе, ки толибон Афғонистонро зери назорат гирифтанд, кадом мушкили мардумро сабук карданд? Таъкид мекунанд, ки ҷанг хотима ёфт, амният таъмин шудааст. Аввал ин ки толибон ҷанг мекарданд, амалҳои интиҳорӣ анҷом медоданд, ҳама ҷо интиҳору инфиҷор буд. Табиист, ки акнун онҳо ин корро бар зидди худашон анҷом намедиҳанд. Боз ҳам дар ҳамин 4 моҳ даҳҳо амалҳои хунини интиҳорӣ анҷом шудааст, ки толибон пеши роҳи онҳоро гирифта натавонистанд, ё худашон бо кадом далеле дар онҳо даст доранд. Фақру бенавоӣ ба дараҷаи олӣ расида, кишвар дар остонаи фоҷиаи башарӣ қарор дорад. Дар ҳама вилоятҳо хизматчиёни давлатии низоми гузашта, зиёиён, фаъолони ҷомеаи маданӣ таъқиб ва кушта мешаванд, занҳо аз ҳуқуқи кор ва таҳсил маҳрум шудаанд, донишгоҳҳои давлатӣ баста мебошанд, мусиқию, наққошӣ ва дигар фароғатҳои маданӣ мамнуъ эълон шудаанд. Як ҳукумати тақрибан якқавмӣ ва танҳо аз намояндагони як гурӯҳи сиёсӣ ташкил шудааст. Ҷойи қавмҳои дигар, гурӯҳҳои сиёсии дигар дар куҷост? Дар Афғонистон ба мисли пештара аъзои даҳҳо созмони террористии хориҷӣ озодона кору фаъолият доранд, ки мояи нигаронии кишварҳои ҳамсоя мебошанд.   Аз ин рӯ, ман бештар ақидаи гурӯхи дувумро ба воқеият наздик медонам.

 

Пайомади ба қудрати расидани Толибон барои Осиёи Марказӣ чист? Онҳо чӣ таҳдиде доранд? Таҳдиди низомӣ, идеологӣ ва ё чӣ?

 

Ба назари мо, агар зулму истибдоди толибон афзоиш ёбад ва ё ҷангҳо байни толибон ва гурӯҳҳои зиддитолибонӣ густариш пайдо кунанд авалин пайомади онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сарозер шудани муҳоҷирони афғонистонӣ аст.

Пайомади бад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсириинтаҳавулотбаафкориумумии кишварҳоиминтақамебошад. Пирӯзиитолибон“ҳастаҳои хобида”-и гурӯҳҳои ақидатӣ ваифротгароро, даркишварҳоиОсиёиМиёнаро метавонад бедоркунад. Бо пирӯзии Толибон дар Афғонистонингурӯҳҳо ангеза пайдо намуда, ба ояндаи муборизаи худ ва аз роҳизурӣ расиданбамақсади ғасби ҳокимиятбоварӣ пайдомекунанд.

Ҳамин ҳолодаршабакаҳоииҷтимоӣ бархеазгурӯҳҳои исломгаро ва шахсиятҳои ҳатто ғайримазҳабии тоҷик хушҳолиихудроазпирӯзииТолибонпинҳоннамекунанд.

Пайомади хатарноки дигари ба сари қудрат омадани толибон ба паногоҳи амн барои террористони байналмилалӣ ва ба маркази тарбияи онҳо табдил ёфтани Афғонистон аст. Марказҳои асосии террористие, ки дар Вазиристони шимолии Покистон мавҷуданд ба шимоли Афғонистон кӯчонида мешаванд. Покистон аз соли 2014 ин нақшаро амалӣ намуда истодааст. Дар вилоятҳои шимолӣ, махсусан дар Бадахшон, Кундуз ва Тахор дар ҳар деҳаи калон мадраса ва масҷидҳои замонавӣ сохтаанд, ки шабеҳи мадрасаҳои Вазиристон мебошанд. Ҳамин тавр, шимолу шарқи Афғонистон метавонад ба Вазиристони нав табдил шавад, ки таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллии Тоҷикистон аст. Аз Ироқ ва Сурия низ ҷангҷӯёни таҷрибаи ҷангӣ дида ба Афғонистон интиқол дода мешаванд. Бинобар ин аз эҳтимол дур нест, ки террористҳо  даст ба бесубот сохтан ва ҳатто ба таҷовузи мустақим бар зидди кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон мезананд.

Хатари дигар барои ҷомеаи Тоҷикистон аз Афғонистони толибонӣ интиқолимафкураваҷаҳонбиниитолибонӣ ва доишӣ тавассутитаблиғотирасонаӣ,шабакаҳоииҷтимоӣ ва ғайра мебошад, ки хилофиманфиатҳоимиллӣватаҳдид ба амнияти миллии мо мебошад.

Пайомади дигари ногувор осеби ҷиддӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва забону фарҳанги тоҷик дар Афғонистон аст.

Яъне аз Толибон ва гурӯҳҳои террористии вобаста ба он ҳар таҳдидро интизор шудан мумкин аст: низомӣ, идеологӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва ғайра.

 

 

                Дуруст аст, ки баъди ин пирӯзӣ, ки  толибон онро “футуҳоти исломӣ” таъбир мекунанд, ба гурӯҳҳои террористӣ дар ҳама ҷо илҳом мебахшад. Дар ин шароит толибон пайваста изҳор медоранд, ки ба кишварҳои ҳамсоя мушкил эҷод намекунанд ва аз ҳудуди Афғонистон кадом таҳдиде барои онҳо вуҷуд нахоҳад дошт. То кадом сатҳ мешавад ба толибон бовар кард?

 

 Дуруст аст, ки дар кӯтоҳмуддат толибон аз сабаби надоштани имконот ва ба хотири ба даст овардани эътимод в эътирофи давлати худ аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ худашон ба мудохилоти рӯирост дар умури кишварҳои ҳамсоя даст назананд. Аммо дар Афғонистон даҳҳо созмони дигари террористӣ, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, ки аксаран дар зери ҳимояи Толибон қарор доранд. Ман фикр намекунам, ки Толибон пеши роҳи фаъолиятҳои онҳоро гирифтани бошанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки Толибон тавони мубориза бо ДИИШ-Хуросонро надоранд. Гузашта аз он, дар миёни Толибон ҳам ба таври кофӣ гурӯҳхои тундгаро зиёданд, ки ҳамин ҳоло гузаштани онҳо ба ДИИШ-Хуросон босуръат идома дорад. Ин қисми тундгароҳо, ки дар мадориси Покистон шустушӯи мағзӣ шудаанд, ҷиҳодро барои ҳар мусулмон фарз медонанд. Оё толибон метавонанд ва мехоҳанд онҳоро аз ин кор боздоранд?

 Масъалаи дигар рақобатҳои афзояндаи геополитикӣ дар минтақа аст, ки аз ин гурӯҳҳои террористӣ метавонанд ҳамчун абзор барои расидан ба ҳадафҳои худ ва истифода дар ҷангҳои ниёбатӣ истифода намоянд.

 

Кадом гурӯҳҳои террористӣ нисбатан хатарноктар мебошанд, ки аз онҳо кишварҳои дигар метавонанд истифода кунанд?

 

Дар Афғонистон созмонҳои террористии байналмилаии Ал-Қоида, ДИИШ-Хуросон, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ансоруллоҳ, Шӯрои ҷиҳоди исломӣ, Катибат ал Имом Бухорӣ, Лашкари тайиба ва ғайра фаъолият доранд.

 

Оё Толибон бо ин созмонҳо алоқаашонро накандаанд?

 

Аз рӯи маълумотҳои СММ ҳеҷ нишонае ё исботе вуҷуд надорад, ки толибон робитаашонро бо ин созмонҳо канда бошанд. Баръакс аз хадамоти ин созмонҳо толибон истифода мекунанд. Аз ҷумла дар ҷанги Панҷшер ин ҷангҷӯён иштирок карданд. Маълумотҳо вуҷуд дорад, ки Ал-Қоида марказҳои таълимие бунёд намудаст, ки дар онҳо толибон ба таълими низомӣ фаро гирифта шудааанд. Ин таълимгоҳҳо дар шимоли Афғонистон ҳам таъсис шудаанд. Ҳеҷ замонате вуҷуд надорад, ки террористони дигар гурӯҳҳо низ ба ин марказҳои ҷалб нашаванд.

 

Дар бораи ДИИШ хабару тасвирҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи бераҳмии ин террористон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба нашр мерасид.  Ба назари Шумо оё тафовути усулӣ байни Толибон ва ДИИШ дар ин масъала вуҷуд дорад?

 

Аз нигоҳи бераҳмӣ ман тафовути зиёде байни толибонва доишиҳо дар Афғонистон намебинам. Зеро Толибон ҳам акнун як гурӯҳи пурра ҳанафимазҳаб ва таҳаммулпазир нест. Дар сохтори он гурӯҳҳое вобаста ба тафаккури ДИИШ, гурӯҳе ҳам бо тафаккури Ал-қоида, зоҳиран бо ҳифзи пойбандиҳо ба мазҳаби ҳанафӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, мо бояд пеш аз ҳама ба аъмол ва кирдори онҳо назар кунем. Гурӯҳҳое, ки дар сохтори Толибон мебошанд амалҳои истишҳодӣ ва интиҳорӣ анҷом медиҳанд, ки теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ кушта мешаванд, занони ба назари онҳо гунаҳкорро дар байни омма сангсор мекунанд ва шаллоқ мезананд, кушторҳои дигари бераҳмона анҷом медиҳанд, ки аз амалҳои ДИИШ-Хуросон дар Афғонистон ҳеҷ фарқ надорад. Ё имсол тамоми мардум аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ диданд, ки чигуна дар вилояти Форёб гурӯҳи 22 нафараи неруҳои вижаи давлатиро баъди он ки дастҳояшонро боло карда, таслим шуданд, толибон тирборон карданд.

Аслан ман ба ин назарам, ки фарқи зиёд байни ДИИШ-Хуросон ва Толибон вуҷуд надорад. Байни ДИИШ-Хуросон ва ҳадди аққал як ҷиноҳи Толибон, ки бо номи Шабакаи Ҳаққонӣ ёд мешавад робитаҳои танготанг мавҷуд аст. Холо ҳам розҳои зуҳури ДИИШ-Хуросон  фош нашудаанд. Огоҳони сиёсӣ ва амниятӣ ақида доранд, ки ДИИШ-Хуросонро асосан мушовири Шӯрои амният дар ҳукумати А.Ғанӣ Ҳаниф Атмар ва раиси Сарраёсати амнияти миллӣ Маъсум Станикзай бо кумаки амрикоиҳо ва англисҳо аз ҳисоби толибон дар зиндонҳои давлат сохта буданд. Толибон  дар зиндонҳо омӯзишҳои махсус дода мешуданд ва пас аз берун шудан аз зиндон байрақи ДИИШ-ро баланд мекарданд. Ба ғайр аз ин дар ДИИШ-Хуросон террористоне буданд, ки амрикоиҳоаз зиндони Гуантанамо озод намуда буданд Ҳадафи Атмар ва Станиккзай аз ин тариқ фишор овардан ба толибон ва гурӯҳҳои сиёсию низомии Шимол буд. Агар ҷараёни фаъолияти ДИИШ-Хуросон ҳам ба таҳлил гирифта шавад мебинем, ки ҳадафи ҳамлаҳои террористони ДИИШ-Хуросон ҳам дар ҳамин ду ҷиҳат аст.

 ДИИШ-Хуросон расман соли 2015 ташкил шудааст, аммо соли 2014 иттилоотедарбораипайдоишишахсониниқобпӯшдарминтақаҳоишарқииАфғонистондаррасонаҳоихабарӣпайдошуданд. Эҳтимол инҳо ҳамон парвардаҳои  ба истилоҳ “Атмарӣ” буданд. Дар он замон касе дар бораи пайравони «Давлати исломӣ»буданионҳоҳарфнамезад. Аммомаълумшуд, ки«ниқобпӯшон»бо толибон душманӣмеварзандвабаъзантолибонродарминтақаҳоифаъолиятионҳо  ҳалқовезмеёфтанд.  

Шумо ёд дошта бошед ҳамон солҳо вакили парлумон Ҳоҷи Қадир аз Нангарҳор чандин бор аз минбари ин мақоми олии кишвар изҳор кард ва савганд хурд, ки ДИИШ-Хуросон аз Арг ва аз Раёсати амнияти миллӣ роҳбарӣ мешавад. Он вақт касе ин масъаларо ҷиддӣ нагирифт.

 

Баъзе аз гурӯҳҳо ва ҳатто сиёсатмадороне мисли Раиси ҷумҳурипешиниАфғонистонҲомид Карзай кӯшишмекардандисбот намоянд, ки ДИИШ-Хуросон  дар миёни мардуми Афғонистонрешанадорад, онҳо  афғоннестандваҳеҷрабте  ба Афғонистоннадоранд. Ин дар ҳоле буд, ки ин ҳамон паштунҳо буданд, аз ҳеҷ куҷое наомада буданд ва инро Ҳ. Карзай хуб медонист. Пасонтар ДИИШ-Хуросон бо ДИИШ-и асосӣ дар Ироқу Сурия робита пайдо намуд ва эҳтимолан пул ҳам мегирифт.

Огоҳони масоили амниятӣ  ба ин ақидаанд, ки баъдан Созмони истихборотии низомии Покистон (ISI) аз ин барномаи Шӯрои амнияти Афғонистон  огоҳ шуд ва дар марҳилаи авввал зарбаҳои сахте ба ДИИШ –Хуросон зада мешуд ва пас аз он ISI ҳалқаҳои парокандаи ДИИШ-Хуросонро бо Шабакаи Ҳаққонӣ пайваст намуд ва аз ин тариқ мудирияти  онро ба даст гирифт.

Байни ДИИШ-Хуросон ва Шабакаи Ҳаққонӣ як навъ тақсими вазифаҳо муайн шуда буд. Амалҳои террористие, ки бар зидди нерӯҳои давлатӣ анҷом мешуданд, Толибон ба уҳда мегирифтанд ва масъулияти амалҳои террористие, ки ба муқобили иншоот ва тазоҳуроти мардумӣ ва ё муассисаҳои таълимӣ анҷом мешуд ДИИШ-Хуросон ба душ мегирифт. Дар ҳоле, ки ин амалҳо ё якҷо ташкил ва анҷом мешуданд ва ё асосан инҳоро Шабакаи Ҳаққонӣ анҷом медод, аммо масъулиятро ДИИШ ба дӯш мегирифт.

Имрӯз ҳам бозиҳои бисёр печидаи истихборотии кишварҳои гуногун дар Афғонистон идома доранд,  ки дарки онҳо осон нест.

 

                 Як таҳдиди дигар гуфта мешавад барои Тоҷикистон ва Осиёи Маркази таҳдиди қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар аст. Дар ин масъала толибон чӣ кафолатҳое ваъда медиҳанд ва оё ба тааҳудоташон пойбанд мебошанд?

 

Толибон дар ҷараёни ҳама гуна мулоқоту музокироти худ дар давоми тақрибан беш аз ду соли охир чизе мегӯянд, ки аз онҳо мусоҳибонашон мехоҳанд бишнаванд. Аз ҷумла, дар бораи мубориза бо кишт, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо ба ваъдаҳояшон вафо мекунанд. 90 % маводи мухаддир дар минтақаҳое кишт мешуд, ки зери назорати толибон қарор доштанд. Чаро ҳеҷ коре накарданд, ки кишти маводи мухаддир коҳиш пайдо кунад. Зеро ки аз ин фоидаи калон мегирифтанд ва мегиранд.

Дар Гузориши Шӯрои амнияти СММ  аз 12‒15 января соли 2018 омадааст, ки дар соли 2017  толибон аз фуруши маводи мухаддир аз  400 до 500 млндолл. ИМА фоида гирифтаанд. Имрӯз ҳам тамоми ҳудуди Афғонистон дар назорати Толибон аст, аз ҷумла сарҳадоти кишвар, аммо қочоқи маводи мухаддир идома дорад.

 

Масъалаи эътирофи Аморати исломи Толибонро чӣ дурнамое интизор аст?

 

Масъалаи эътироф кардан ва ё накардани Толибон, пеш аз ҳама, аз худи Толибон вобаста аст. Ҷомеаи байналмилалӣ талаботи бисёр мушаххас дар назди Толибон гузоштааст, ки то имрӯз ба ҳеҷ яке аз хостаҳои он ҷавоби мусбат надодааст.

                Инҳо иборатанд аз ташкили ҳукумати инклюзивӣ, риояи ҳуқуқи занон ба кор ва таҳсил, яъне ҳуқуқи баробар бо мардон, риояи ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, роҳ надодан ба табдили дубораи Афғонистон ба лонаи гурӯҳҳои террористӣ ва ғайра. Агар Толибон мехоҳанд узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ бошанд бояд ин хостҳои ҷомеаи байналмилалиро ба назар бигиранд.

 Ман фикр мекунам, ки Толибон, бешубҳа дар масъалаҳои усулии ақидатӣ ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ ба тағйир намешаванд, зеро ин як тафаккур, як ақида ва як мактаб аст. Чуноне Мулло Муҳаммад Яқуб, фарзанди Мулло Муҳаммад Умар, муассиси Толибон ва сарпарасти вазорати дифои Аморати исломӣ гуфтаст: “ Агар ҳама дунё муқобили мо биистанд, ҳаргиз аз арзишҳои исломӣ ва миллӣ кӯтоҳ намеоем”.  Аммо эҳтимоли роҳ додан ба баъзе нармишҳо дар масъалаи таъмини ҳуқуқи занон ба таҳсил, дар доираи тафсири худашон аз шариат, албатта, иҷозати кор дар баъзе муассисаҳо, ба ҳукумат ҷалб намудани теъдоди бештари намояндагони ақвоми ғайрипаштун ва ғайра вуҷуд дорад, то ки ҳукуматашонро тавонанд фарогир ҷилва диҳанд. Зеро толибон, ки ба қудрати сиёсӣ расидаву ин қасру кушк ва зиндагии шаҳриро дар Кобул дидаанд, ҳаргиз намехоҳанд аз он ҷудо шаванд. Толибон бисёр кӯшиш доранд, то таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ, ба хусус Амрикоро ҷалб кунанд, то ин кишвар ба Афғонистон баргардад.

Аҷиб ин аст, ки 20 сол толибон барои аз кишвар хориҷ кардани амрикоиҳо мубориза карданд ва имрӯз роҳбарони ин ҷунбиш дуо мекунанд, ки амрикоиҳо баргарданд.  Муовини вазири умури хориҷаи Аморати исломӣ Муҳаммад Аббос Станикзай изҳор намуд, ки «Иншааллаҳ амрикоиҳо бармегарданд. Аз рафтор ва ахлоқи онҳо, ки дар ҷараёни музокирот мушоҳида кардаам, онҳо бармегарданд, мо ҳама корро анҷом медиҳем, ки онҳо баргарданд»,- гуфт ӯ. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки «ҷиҳоди толибон» бар алайҳи амрикоиҳо як василае буд барои ғасби қудрати сиёсӣ ва машруъ ҷилва додани ҷанги онҳо.

                Ба ҳар сурат, кишварҳои ҳомии Толибон эҳтимолан роҳбарони ин ҷунбишро битавонанд қонеъ кунонанд, ки роҳи дигаре вуҷуд надорад, ё бояд ҳадди аққали хостҳои ҷомеаи байналмилалиро қабул намоянд ё дар муқобили онҳо дер ё зуд як ҷабҳаи нерӯманд ташаккул меёбад ва онҳоро аз сари қудрат дур мекунад. Роҳи севум вуҷуд надорад. Ҳоло ҳамзамон шаклгирии ду ҷабҳа зиддитолибонӣ ба мушоҳида мерасад. Яке ДИИШ ва дигаре  Чабҳаи муқовимати миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд

                Ҳамин тавр, бо каме нармиш аз тарафи толибон роҳ ва ё гуфтан мумкин аст баҳона барои эътирофи онҳо аз тарафи баъзе кишварҳои ҳомиашон пайдо мешавад. Аммо бо вуҷуди ин, бо сиёсате, ки имрӯз амалӣ мекунанд, эҳтимолияти ташаккули ҷабҳа ё ҷабаҳоти зидитолибонӣ дар 5-6 моҳи оянда ва оғози марҳилаи нави ҷангҳо барои сарнагун намудани Толибон вуҷуд дорад.

 

Ҳоло дар ҳама марказҳои таҳлилӣ, коршиносон ва дипломатҳо дар бораи мавқегирии қотеъонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Толибон баъд аз ишғоли Афғонистон аз тарафи он сухан мегӯянд ва ба ин ақидаанд, ки гӯё ҳама дунё як тараф аст ва Тоҷикистон як тараф. Шумо чӣ назар доред? Оё ин сиёсати сахтгирона дар шароите, ки ҳама кишварҳо бо як навъе бо Аморати исломии Толибон робита доранд ва ҳамкорӣ мекунанд ба манфиати Тоҷикистон хоҳад буд?

                Аввал ин ки дар кадом марҳилаи таърихии баъд аз Истиқлоли кишвар сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба падидаи ифротгароӣ ва терроризм, таҳдидҳое, ки аз ин самт вуҷуд доранд қотеъ набудааст? Ҳар касе, ки каму беш ба масоили сиёсию амниятии минтақа сару кор дорад медонад, ки сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон, муносибат бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла “Толибон” ҳамеша сиёсати устувор, қотеъ, якранг буда, ҳеҷ гоҳ аз меъёрҳои дугона истифода накардааст ва бозиҳои дугонаро бо террористон намепазирад. Ҳоло, мутаассифона, ин дугонагӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ як падидаи роиҷ шудастодааст.

Дар ҳамон солҳои 90-уми асри 20-ум Сарвари давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талошҳои зиёд намуданд, ташаббусҳои муфид пешниҳод намуданд, пайваста даъват мекарданд, ки қазияи Афғонистон бо роҳи сиёсӣ ҳаллу фасл шавад, аз пайомадҳои идомаи низоъ ва фаъолияти “интернатсионали террористӣ” дар Афғонистон ҳушдор медоданд. Аммо он вақт гӯши шунаво камтар буд ва ё таҳдидҳоро ҷиддӣ нагирифтанд.

                Гарчандетаҳдиди терроризм ва маводи мухаддир барои кишварҳоиОсиёиМарказӣрӯзторӯзбештармегардид, аммокишварҳоиОсиёиМарказӣваРусия, ҳаттокишварҳоиаъзоиСозмониПаймониАмниятиДастаҷамъӣ (СПАД) натавонистандмавқеиягонародармуносиботбо«Толибон»  интихоб кунанд. Гузашта аз ин, ин кишварҳоробитаҳоихудробо«Толибон»барқарорсохта, ҳаттодарфикрибарасмиятшинохтаниАморати«Толибон»буданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери Сарварии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона кишваре буд, ки то охир дар канори мардуми Афғонистон қарор дошт ва ба ин давлати машруъ дар муқовиммат бо терроризми байналмилалӣ аз ҳеҷ гуна кумак ва пуштибонии сиёсию маънавӣ дареғ наварзид.

 Ин баъд аз ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 буд, ки баъзе роҳбарони кишварҳои Аврупо, Амрико  ва дипломатҳои хориҷӣ  сиёсати Президенти Тоҷикистон, мавзеъгирии устувориҶумҳурииТоҷикистонро ситоиш мекарданд, ки хатарирежими«Толибон»робароиминтақаваҷаҳондаркнамуда буд ва аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ҳушдор медод. 

Як дипломати норвежӣ дарСАҲА баъд аз ташкили Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ бо мақсади сарнагун намудани режими “Толибон” ва шомил шудани Тоҷикистон ба он эътилоф  гуфтааст: «Ҳоло маълум нест, ки оё ТоҷикистонбаэътилофпайвастваёэътилофбаТоҷикистон, ки 7 солботамомитаҳдидҳоазАфғонистонмуборизамебурд. Эҳтимоли қавӣ вуҷуддорад, кимобоТоҷикистон ҳамроҳ шудем».

Баъди 15 августи соли равон воқеаҳо такрор шуданд. Ин ҳамон Толибон аст, ки дубора эҳё шуд ё аниқтараш эҳояш карданд ва қудратро ба даст гирифтааст. Боз ҳам дар шароите, ки бисёре аз кишварҳо дар солҳои охир бо Толибон робитаҳо доштанд ва эҳтимоли ба сари қудрат омадани  ин ҷунбиши террористиро медонистанд ва омода буданд онро ба расмият бишиносанд, ин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки пеш аз дигар роҳбарони давлатҳо мавқеи худ ва давлати Тоҷикистонро бисёр ҷасурона, бо қотеъият эълон кард. Ӯ баъд аз мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Қурайшӣ 25 августа 2021 изҳор намуд, ки Тоҷикистонҳеҷякҳукуматидигареро, кидаринкишвартавассутизулмватаъқибтаъсисёфтааст эътироф намекунад.Тоҷикистон  ҷонибдори ташкили ҳукумати инклюзивӣ бо назардошти манфиати тамоми мардуми Афғонистон, бахусусҳамаиақаллиятҳоимиллиионмебошад, китоҷикондаронҷойишоистадоштабошанд.

Аммо дар баъзе аз кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон, ки як сиёсати хайрхоҳона нисбат ба толибонро ихтиёр кардаанд,  мавзеъгирии Президенти Тоҷикистонро “сахгирона” хонданд. Онҳо ҳеҷ интизор набуданд, ки Президенти Тоҷикистон чунин як мавқеи ҷасурона ва мустақилонаро пеш мегирад.

Моҳи октябр дар яке аз конференсияҳои байналмилалии илмӣ  дар Институти муносибатҳои байналмилаии Маскав бо иштироки дипломатҳо ва коршиносони сатҳи хеле баланд аз кишварҳои гуногун иштирок намуда будам. Дар ҷараёни ин конференсия ҳам аксаран ба ин назар буданд, ки мавзеъгирии Тоҷикистон “сахтгирона” (“жесткий”) аст ва агар вазъият ба ҳамин шакл идома пайдо кунад Тоҷикистон бозандаи ин бозӣ мешавад. Ҳатто яке аз иштирокчиён изҳор кард, ки Тоҷикистон ба таври маснуӣ вазъиятро муташанниҷ месозад ва бо ин мавзеъгириаш Президенти Тоҷикистон СААД-ро дар вазъияти ногувор мемонад. Ман албатта, ба ин назарҳо посух гуфтам ва таъкид намудам, ки сиёсати Президенти Тоҷикистон дар ин масъала идомаи ҳамон сиёсати устувор ва қотеъ аст, ки дурустии онро таҷриба исбот намудааст. Тоҷикистонягонакишваредарминтақааст, кичунинтаҷриба ва анъанаи тамос ва музокирот бо созмонҳои террористиро надорад ва аз бозиҳои дугона бо террористон,  стандартҳои дугона дур аст ва инро як монеаи асосӣ дар мубориза бо терроризм медонад.

 Имрӯз мушоҳида мекунем, ки баъд аз изҳороти Президенти Тоҷикистон аз натиҷаи мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон М. Қурайшӣ ва  суханрониҳои баъдиаш дар ҷаласаҳои сарони кишварҳои СААД ва СҲШ, 17-18 сенябр ва дар мубоҳисаҳо дар доираи Иҷлосияи 76 Шӯрои амнияти СММ, 24 сентябри соли равон  дигар кишварҳо ҳам гарчанде бо толибон гуфтушунид  доранд, ҳамкорӣ мекунанд, аммо аз  ба расмият шинохтани  Аморати исломӣ ибо меварзанд. Онҳо ҳам аз ташкили давлати инклюзивӣ бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои этникӣ, таъмини ҳуқуқи занон, ақаллиятҳои  қавмӣ ва мазҳабӣ, ҷилавгирӣ аз табдил шудани Афғонистон ба паногоҳи амн барои террористон ҳарф мезанад ва пешшартҳое ба Толибон гузоштаанд. Умедворем, ки  ин кишварҳо , махсусан ҳамсояҳои мо пурра ба мавқеи Тоҷикистон мепайванданд, то як ҳукумати фарогир, дорои субот ва амният дар Афғонистон таъсис шавад, ҳам мардуми ранҷкашида осоишта зиндагӣ кунанд ва ҳам  нигарониҳои  амниятии ҳамсояҳо рафъ гарданд.

 Акнун муносибати баъдии Тоҷикистон бо Толибон аз амалкардҳои роҳбарони ин ҷунбиш ва ҷомеаи байналмилалӣ вобаста аст. Толибон, ки иддаои эътирофи байналмилалӣ мекунанд ва мехоҳанд узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ бошанд бояд ба хостҳо ва пешшартҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва қоидаҳои пазируфташуда дар  ин ҷомеа розӣ шаванд.

 

Манбаъ: Millat.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.