Ҳукумати Қирғизистон тасмим дорад, ба вилояти Бодканд мақоми махсус диҳад

Улуғбек Марипов, сарвазири Қирғизистон бо нашри наворе дар саҳифаи “Фейсбук” вазъи вилояти Бодканди он кишварро шарҳ дод. Вай гуфт, ки дар вилоят “воқеан вазъи сангине ҳукумфармост”. Сарвазир афзуд, ҳукумати Қирғизистон нақшаи ҳалли мушкили наздимарзии вилоятро баррасӣ дорад.

“Тавре мо мебинем, дар рӯзҳои ахир масъалаи марз баррасӣ мешавад. Дар бархе вилоятҳо, аз ҷумла Бодканд масоили ҳалношуда мавҷуданд. Дирӯз роҳбарияти вилоят иваз шуд. Мо умедворем, ки дастури президент ва ҳукумат дар фурсати наздиктарин иҷро мешавад. Мо барои ҳалли мушкилӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ тамоми талошро мекунем”, – гуфт Марипов.

Сарвазири Қирғизистон ҳамзамон афзуд, масъалаи ба вилояти Бодканд додани мақоми махсус дар ҳоли баррасӣ аст.

Дар шаҳри Бишкек ду рӯзи ахир бо талаби ҳалли масоили марзӣ гирдиҳамоӣ ташкил мешавад. Наздики 30 тан аз гирдиҳамомадагон талаб доранд, ки аломатгузории марз ҳарчи зудтар сурат гирад.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 976 км марзи муштарак дорад, ки аз ин танҳо 519 км муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, дар соли 2020 дар марзи ду кишвар 9 муноқиша ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.