Ҳукумати Миср рӯзноманигори “Ал-Ҷазира”-ро озод кард

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Рӯзноманигор Махмуд Ҳусейн баъд аз чор соли боздошт ғайриинтизор аз ҷониби мақомоти Миср раҳо шудааст. 

  • Дар ин бора шабакаи телевизиони “Ал-Ҷазира” хабар медиҳад.
  • Беш аз чаҳор сол Маҳмуд Ҳусейн бидуни қарори додгоҳ ва эълони айб дар ҳабс буду ҳукумати худкомаи Миср дар бораи  ӯ чизе намегуфт.
  • Рӯзноманигор Маҳмуд Ҳусейн, ки шаҳранди Миср мебошад,  моҳи декабри соли 2016 дар Қоҳира боздошт шуда буд. Ӯ ба ватанаш ба аёдати оилааш  омада буду аз ҷониби мақомоти кишвараш боздошт шуд. Он замон Ҳусейн беш аз 15 соат бидуни адвокат бозпурсӣ шуда, пас аз он раҳо шуд, аммо пас аз чанд рӯз дубора боздошт гардида буд.
  • Дар ибтидо, мақомоти Миср ӯро ошкоро дар “паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ ва гирифтани маблағ аз мақомоти хориҷӣ барои паст задани обрӯи давлат” айбдор мекарданд, аммо  расман айбдор накарданд.
  • Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар ва “Ал-Ҷазира” барои дастгирии  рӯзноманигори корзори густурдаи иттилоотӣ оғоз карданду инак ӯ озод шуд.

The post Ҳукумати Миср рӯзноманигори “Ал-Ҷазира”-ро озод кард appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.