Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи будҷаи соли 2020-ро баррасӣ кард

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи будҷаи кишвар барои соли 2021-ро қабул кард. Пас аз ин, тарҳи будҷа ба баррасии вакилони порлумон фиристода мешавад.

Нимаи дуввуми рӯзи 27-уми октбяр маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон доир шуд ва ба гуфтаи дафтари матбуоти президент дар он лоиҳам будҷаи кишвар барои соли 2021 баррасӣ шуд.

Мувофиқи тарҳи ҳукумат ҳаҷми даромади будҷаи соли оянда 27, 6 миллиард сомонӣ ва беш аз 2,5 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Хароҷоти будҷа дар сатҳи 28, 1 миллард сомонӣ муайян шудааст.

Қабули тарҳи будҷаи соли 2021 аз сӯи ҳукумат дар ҳолест, ки соли ҷорӣ бинобар таъсири манфии пандемияи короновирус ва коҳиш ёфтани интиқолҳои пулии муҳоҷирони корӣ, даромади будҷаи кишвар ба шиддат коҳиш ёфт.

Аз ин рӯ поёни моҳи июн аз ҷумла бо тавсияи СБП Тоҷикистон нақшаи даромади будҷаро 2 миллиард сомонӣ ва бахши хароҷотро 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ кам кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.