Ҳукумати Узбекистон се корхонаи марбут ба бародарон Шодиевҳоро давлатӣ кард

Ҳукумати Узбекистон созишномаи шарикии давлатӣ бо бахши хусусиро бо ширкати SFI Management Group бекор кард.

Ширкати SFI Management Group корхонаи оҳангудозӣ, ширкати металҳои ранга ва комбинати куҳиву металлургиро дар ихтиёр дошт.

Узбекистон комбинати металлургиро соли 2017 ва комбинати куҳиву металлургии Олималиқу корхонаи коркарди металҳои рангаро соли 2018 ба ихтиёри ширкати SFI Management Group дода буд. Ин ширкатро Кобул Шодиев, бародари сарватманд Фаттоҳ Шодиев роҳбарӣ мекунад.

Манобеи огоҳ гуфтанд, муносибати Шодиевҳо бо роҳбарияти Узбекистон бад шудааст ва ба ихтиёри давлат баргардонидани се корхонаи бузург ба ҳамин далел аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.