Ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохта Қиёмиддин Чақалов даргузашт

Қиёмиддин Чақалов, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик низ даргузашт. Дар ин бора ҳамкорони ӯ субҳи 14-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.  

Ҳунарманди шинохта 76 сол дошт ва солҳои тӯлонӣ дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекард. Сабаби фавти ӯ дақиқ нест.  

Қиёмиддин Чақалов соли 1945 дар деҳаи Ҳуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Чақалов хатмкардаи факултаи актёрии Донишкадаи санъати Тоҷикистон буд.  

Ҳунарманди шинохта чанд сол пеш дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар театр тақрибан 50 нақш офаридааст ва қариб ҳамаашон мазҳакавӣ буданд.

Ҳунарманди шинохта дар он суҳбат гуфта буд, дар ҷомеаи Тоҷикистон баъзан байни обу оташ мемонӣ, намедонӣ, ки кадом гапро бизанӣ ва аз кадомаш худдорӣ кунӣ. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.