Ҳусейн Сомон то поёни моҳи май дар боздошт мемонад

Додгоҳи ноҳияи Головинскии шаҳри Маскав охири ҳафтаи гузашта ҳукм кард, ки  шаҳрванди Тоҷикистон Ҳусейн Сомони 25-сола то поёни моҳи май дар боздошт мемонад. Ин ҷавон ба он муттаҳам мешавад, ки бо мошинаш ду зани русро пахш карда, боиси марги онҳо шудааст. Садама рӯзи 23-юми марти имсол дар яке аз хиёбонҳои шимоли Маскав рух дод. Ронандаро як рӯз баъди ин садама боздошт намуданд. Ҷавони гумонбар дар бозпурсиҳо гуфтааст, ки  ҳангоми ҳаракат дар роҳ тормози мошинаш аз кор баромад ва, азбаски аз фоҷеаи рухдода шок шуд, маҳалли ҳодисаро тарк намудааст. Дар сурати исботи гуноҳ ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. 

Аксар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ватан кору даромад намеёбанд, ба Русия барои муҳоҷирати корӣ мераванд. Ронандагӣ яке аз корҳое аст, ки барои онҳо даромади муайян  меорад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.