Ҳушдор аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар чанд рӯзи оянда аз эҳтимоли фаромадани тарма ҳушдор додааст. Кумита бо такя ба маълумоти маркази обуҳавошиносӣ мегӯяд,  ҳаво  дар водиҳои Тоҷикистон то 26-уми декабр  то 10 дараҷа гарм мешавад. Бинобар ин, эҳтимоли лағзиши тарма дар роҳи мошингарди  қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳи Душанбе-Чаноқ вуҷуд дорад. Аз ронандагон дархост шудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар  дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтиёт кор бигиранд. Ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, феълан роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд,  Душанбе-Хоруғ, ҳамчунин ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак ва Фахробод боз мебошанд. Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ҳолест, ки   рӯзи 21 декабр  дар пайи ду садамаи ҷудогонаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе –  Хуҷанд ду нафар ба ҳалокат расид.  Аз ҷумла, шоми он рӯз  бар асари чаппа шудани як мошини “Тойота-Прада” дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон  мусофири он – як зани 33-сола ҷон бохт. Ҳамчунин дар ҳамон вақт дар ҳудуди ҷамоати Айнии ноҳияи Айнӣ дар пайи  ба ҷарии умқаш 80 метр чаппа шудани мошини тамғаи “Муссо” ронандаи 22-солааш ба ҳалокат расидааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.