Ҳушдори Амрико ба Эрон: Ба киштиҳои мо наздик нашавед

Артиши ИМА ба Эрон ҳушдор дод, ки агар шиноварони хориҷӣ дар минтақаи Халиҷи Форс ва Тангии Ҳурмуз то ба 100 метрии киштиҳои ҷангии Амрико наздик шаванд, “ҳамчун таҳдиде  дониста шуда ва таҳти чораҳои муҳофизати қонунӣ  гирифта мешаванд.”

Ин баёния рӯзи 19-уми май, як моҳ пас аз он чоп мешавад, ки Амрико эълон карда буд, ки 11 қаиқи Сипоҳи посдорон ба киштиҳои ин кишвар дар шимоли Халиҷи Форс халал расондаанд. Пас аз он Президенти Амрико Доналд Трамп ба Нерӯи баҳрии Амрико дастур дод, ки агар қаиқҳои эронӣ ба киштиҳои ИМА халал расонанд, онҳоро нобуд кунанд.

Дар баёнияи Нерӯи баҳрии ИМА ба баҳрнавардон гуфта шуда, ки ин ҳушдор ба сабаби рӯйдодҳои чанде пеш барои афзудани амният, кам кардани дудилагӣ ва коҳиш додани фурсати пешбинии хато дода шудааст.

Дар моҳи  апрел флоти 5-и Нерӯи баҳрии Амрико дар Баҳрайн, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро ба “рафторҳои хатарнок ва озордиҳанда”  ба киштиҳои ИМА дар Халиҷи Форс муттаҳам карда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.