Ҳушдори президент Байден ба Чин

Президенти ИМА Ҷо Байден ҳушдор дод, ки намегузорад Чин ҷои  ИМА-ро дар мақоми кишварҳои бонуфузтарини ҷаҳон бигирад ва гуфт, ки фишор меорад, то ки ин кишвар дар умури хориҷии мисли тиҷорат, аз рӯи  қоидаҳои байналмилалӣ амал кунад. Байден, ки рӯзи 25-уми март нахустин нишасти матбуотиашро барпо кард, гуфт, ҳадафи Чин табдил шудан ба як кишвари пештоз дар ҷаҳон аст, вале ин чиз «аз нигоҳи ман рӯй намедиҳад, чун ИМА рушди худро идома хоҳад дод».

Байден раҳбари Чин Си Ҷинпинро бо президенти Русия Владимир Путин муқоиса карда гуфт, ин ду нафар  бовар доранд, ки низомҳои худкома «мавҷи оянда аст ва демократия наметавонад дар шароити ҳамеша печида амал кунад». Айни замон, ӯ гуфт, ки ИМА дар фикри мухолифат бо Чин нест ва бо дигар муттафиқони амрикоӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани Чин дар заминаи ақибнишинии ин кишвар дар масоили демократия дар Ҳонгконг, муомила бо уйғурҳо ва тақвияти нирӯи ҳарбиаш дар машварат хоҳад буд. Байден дар ин нишаст инчунин дар масоили дигари марбут ба сиёсати хориҷӣ сӯҳбат кард. Дар робита бо хуруҷи нақшавии нирӯҳо аз Афғонистон то 1-уми май Байден гуфт, иҷрои нақшаи берункашии нирӯҳо дар ин мӯҳлат «мушкил хоҳад буд». Ӯ гуфт, «вале ИМА  ният надорад, ки 2500 нирӯи боқимондаи амрикоиро дар Афғонистон барои муддати тӯлонӣ нигоҳ дорад».

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.