Ҳушдори раҳбари СММ аз “зӯри бераҳмона” нисбати эътирозгарони Мянмар

Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш рӯзи 22 феврал истифодаи “зӯри бераҳмона” алайҳи эътирозгарони ғасби қудрат дар Мянмарро маҳкум карда  хатми билофосилаи саркӯбҳову озодкунии зиндониҳоро тақозо кард.  Гутерреш тавассути як паёми видеоии аз пеш сабтшудааш ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, “имрӯз ман аз низомиёни Мянмар тақозо мекунам, ки саркӯбҳоро билофосила хотима диҳанд. Зиндониҳоро озод кунанд, хушунатҳоро хотима диҳанд. Ҳуқуқи башар ва иродаи мардум дар робата бо интихоботи ахирро эҳтиром кунанд”.

Рӯзи 22 феврал, бо вуҷуди таҳдидҳои воқеии ҳунта ё гурӯҳи низомиёни ғосибони қудрат дар Мянмар, намоишҳои эътирозии мардум идома кард. Ҳушдори мақомоти Мянмар ба мардум баъди он садо дод, ки рӯзҳои истироҳати гузашта се эътирозгар кушта шуд. Вашингтон рӯзи 21 феврал ҳушдор дод, ки фишорро афзоиш медиҳад. Дар Мянмар шурӯъ аз 1 феврал, замоне, ки низомиён қудратро ба даст гирифта, раҳбарони мадании ҳукуматро ҳабс намуданд, мавҷи эътирозҳо хомӯш намешавад.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.