Ҳушдори сафорат ба шаҳрвандони Амрико дар Тоҷикистон

Бо авҷ гирифтани таниш дар Ховари Миёна, вазорати умури хориҷии Амрико аз шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон хостааст, дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд. Ҳушдори вазоратро рӯзи 8-уми январ сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе нашр кард.

Дар ин ҳушдор омадааст: “Боло гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна мумкин аст, сабаби хатарҳои амниятӣ барои шаҳрвандони Амрико дар хориҷ шавад.” Вазорат ба шаҳрвандони амрикоӣ тавсия додааст, ки зиёд намоён нашаванд, дар маҳалҳое, ки саёҳон зиёданд, ҳушёр бошанд ва барномаҳои амниятии худро бознигарӣ кунанд. Сафорати Амрико гуфтааст, ки бо идомаи арзёбиҳо аз вазъи амниятӣ иттилооти иловагиро дар ихтиёри шаҳрвандони Амрико мегузорад.

Аз ин пештар сафорати Амрико дар Туркманистон ҳам айни тавсияро ба ба шаҳрвандони Амрико дод. Баъди қатли Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар Бағдод, танишҳо байни Амрикову Эрон бисёр боло гирифт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.