«ҲУШЁРӢ – ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШГИРИСТ! ». Пешгӯии СУТ дар дар мавриди ҳолатҳои фавт вобаста ба коронавирус дар остонаи зимистон

ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) мӯътақид аст, ки ҳолатҳои фавт вобаста ба  коронавирус дар остонаи зимистон метавонанд афзоиш ёбанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба The Guardian хабар медиҳад, дар ин бора директори Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо,  ки Тоҷикистон низ ба он шомил мебошад, доктор Ханс Клюге (ДАР АКС) изҳор дошт.

Бо фаро расидани зимистон эҳтимол дорад, ки гурӯҳи синну соли ҷавон бо аҳолии калонсол тамосҳои наздиктар хоҳад дошт.

Клюге ба ҷавонон ҳушдор дод, ки ин пандемия «тӯфони думдор» аст. Вай аз кишварҳо даъват кард, ки системаҳои муассири назорат ва пайгирӣ ҷорӣ намоянд.

Намояндаи СУТ зикр кард, ки «ҳушёрӣ – омили   асосии пешгирист!».

АКС аз бойгонӣ

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.