Ҷаҳон бо соли “вируси вайронгар” падруд мегӯяд

Ҷаҳон нимашаби имрӯз бо соли тира ва “олуда ба коронавируси нав”-и падруд мегӯяд ва бо умеди онки ваксинзанӣ ба зидди беморӣ ба пандемияи саросарӣ дар соли оянда хотима диҳад. Дар охири соли 2019 Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ доир ба вируси ношиносе маълумот гирифт, ки дар Вуҳани Чин пайдо шуд ва бемории шабеҳи илтиҳоби шуш бармеангехт. Баъдан таркиби вирусро маълум карда, COVID-19 ном гузоштанд.

Тедрос Адҳаном Гебрейесус, мудири созмон дар паёми солинавиаш гуфт: “Аз он лаҳза пандемияи COVID-19 ҷони мардуми зиёдеро гирифт, вазъи хонаводаҳо, ҷомеаҳо ва иқтисодҳо дар саросари ҷаҳонро ба ҳам зад.” Ҳарчанд дар поёни соли 2019, мардум расидани соли нави 2020 бо шукуҳи қаблӣ таҷлил карданд, вале имсол аз бими сирояти коронавирус, ки ҳоло зудтар паҳн мешавад, маросиму ҷашнҳо сурат намегиранд ва ё дигар мисли солҳои пеш нестанд.

Ҳоло нигаронӣ аз навъи нави коронавирус зиёд шудааст, ки аввал дар Бритониё хуруҷ кард ва дар муқоиса ба навъи маъмулии он аз инсон ба инсон зудтар сироят мекунад. То кунун ин вирус дар бештар аз 20 кишвари дигар ҳам сироят кардааст. Айни замон ваксинзанӣ ба зидди беморӣ дар чандин кишвар идома дорад ва Чин низ рӯзи 31-уми декабр гуфт ба истифодаи ваксинаи офаридаи ширкати давлатии “Сайнофарм” иҷоза додааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.