ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ҷамъиятҳои «Автошина» ва «Авангард 2013»-и Истаравшан молҳои воридотивазкунанда истеҳсол мекунанд

ДУШАНБЕ, 12.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръат дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд  бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ корхонаҳои истеҳсоли молҳои содиротию воридотивазкунанда бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. ҶДММ «Автошина» ва «Авангард 2013» аз ин ҷумлаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иттилоъ доданд.

Яке аз ин корхонаҳо ҶДММ «Автошина» мебошад, ки қаблан фаъолияташро дар самти воридоти чархҳои резинии мошинҳо ба роҳ мемонд. Имрӯз он зери бренди «Имкон» ба истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум, аз қабили зарфҳои пластикӣ машғул аст.

Ба гуфти масъулин, корхона соҳиби сертификати мутобиқати «Тоҷикстандарт» мебошад. Тибқи нақшаи корхона, бо муътадил ба роҳ мондани фаъолият номгӯйи маҳсулоти истеҳсолӣ аз 25 то 80 намуд расонида мешавад.

Ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръат дар мамлакат воситаест, ки тавассути он ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, ҷавонони маҳаллӣ бо шуғли доимию музди кор таъмин мегарданд.

Ҳамчунин ҶДММ «Авангард 2013» ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда оғоз намудааст. Корхона зери тамғаи «Standart 20W-50» ба истеҳсоли  равғани босифат барои муҳаррикҳо машғул буда, мошинҳои сабукрав ва боркаши шаҳру навоҳии мамлакатро бо ин маҳсулот таъмин менамояд.

То имрӯз дар шаҳри Истаравшан 274 иншооти дорои аҳамияти  муҳим ба истифода дода шудаанд. Бештари иншооти навбунёд, ки фаъолияташон ба самти истеҳсол равона гардидааст, ба истеҳсоли молҳои содиротию воридотивазкунанда нигаронда шудааст.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.