ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 112 иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Варзоб

ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб корҳои ободониву бунёдкорӣ идома дошта, то имрӯз беморхонаи марказӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан дар деҳаҳои Чорбоғу Чормағзакон, сардхона бо ғунҷоиши беш аз 200 тонна маҳсулот дар деҳаи Арақчини ҷамоати деҳоти Чорбоғ, синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64-и деҳаи Гулбоғ  сохта ба истифода дода шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Варзоб ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони  276 иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 112 — тои он, аз қабили муассисаҳои таълимию томактабӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, толору майдончаҳои варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 70 иншооти хизматрасонию маишӣ идома дорад.

То имрӯз бо саҳми сокинону саховатмандон ва соҳибкорони маҳаллӣ  дар деҳаи Косатароши ҷамоати деҳоти Лучоб як километр роҳи мошингард пурра мумфарш карда шуд. Дар деҳаи Калони ҷамоати деҳоти Зиддеҳ коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва фурӯши масолеҳи сохтмонӣ бунёд ёфта,  20 сокини маҳаллӣ ба ҷойи кори муносиб таъмин карда шуданд.

Ҳамчунин дар асоси  дастуру супоришҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди рушди соҳаи чорводорӣ дар деҳаи Тойқараи деҳоти Лучоб сохтмони фермаи ширию молӣ идома дошта, дар қисмати бунёдгардидаи он беш аз 100 сар чорвои зоти тоҷикӣ парвариш ёфта истодааст. Пас аз пурра ба истифода додани фермаи мазкур  саршумори чорво боз ҳам афзоиш ёфта, сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.