Ҷаласаи СПАД бо раёсати Тоҷикистон дар Душанбе баргузор мешавад

Ҷаласаи навбатии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъаӣ (СПАД) бо раёсати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин чаҳорчӯба имруз, 27-уми апрел дар “Кохи афсарон” мулоқоти вазирони дифои кишварҳои ин паймони низомӣ дар назар гирифта шудааст. Ба иттилои бахши иттилооти СПАД, рӯзи 29-уми апрел котибони Шӯрои амнияти СПАД ҷамъ меоянд. 

Дар назар аст, ки дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кунад. Ҷаласаҳои баъдиро вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо раҳбарӣ хоҳад кард. Дар ин ҳамоиш вазирони дифои кишварҳои узв ва низ дабири куллии СПАД Станислав Зас ширкат доранд.

Дабири куллии СПАД ду рӯз қабл ба Тоҷикистон омад ва аллакай аз минтақаи марзии Дарвоз дидан кард. Моҳҳои ахир минтақаи Дарвози Афғонистон ҳаммарз бо Дарвози Тоҷикистон шоҳиди даргириҳои хунин миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон будааст. Гуфта мешавад, ки дар миёни Толибон ҷанҷӯёни тоҷик низ ҳузур доранд.

Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиш дар мавриди масоили амниятиву низомӣ, чолишу таҳдидҳо ва хунсосозии онҳо баҳс шавад. Ҳамчунин нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси ин созмон баррасӣ мешавад.

Ба иттилои расмӣ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва бо вазирони дифои бархе кишварҳо, аз ҷумла Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар назар аст.

СПАД дар соли 1992 таъсис шуда, айни ҳол Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Белорус аъзои он ҳастанд. СПАД бо ҳадафи “тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст”.

Ахиран, ин ниҳод мегӯяд, дар ҳалли низои Озарбойҷону Арманистон саҳм гирифтааст. Дар ин созмон нақши асосӣ бо Русия аст ва ба ақидаи бархе аз таҳлилгарон, ҳадафи он нигаҳ дошти нуфузи Маскав дар қаламрави Шӯравии пешин дониста мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.