Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Хазинаи кӯдакон ва Барномаи Рушди СММ мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 август Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Барномаи Рушди Созмони Милали Мутаҳид  дар Тоҷикистон Пратибха Мехта мулоқот намуд. Дар ин бора  аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо якчанд агентиҳои СММ ҳамкории дӯстона дорад, ки яке аз онҳо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид  дар Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин дирӯз Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот ҳамкории дуҷонибаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ҳавасмандӣ иброз намуданд.

Зимни суҳбатҳо самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.