Ҷасади 13 турки гаравгонро аз ғоре дар Ироқ пайдо кардаанд

Артиши Туркия мегӯяд, ҷасадҳои 13 шаҳрванди кишварро пайдо карданд, ки ошӯбгарони курд онҳоро рабуда буданд. Ҳулусӣ Акар, вазири дифо рӯзи 14-уми феврал гуфт, ки ҷасадҳоро дар як ғоре дар шимоли Ироқ ва дар ҷараёни амалиёте пайдо карданд, ки рӯзи 10-уми феврал оғоз ёфт.

Амалиёт ба зидди аъзои Ҳизби коргарии Курдистон будааст, ки солҳост ба зидди ҳукумати Туркия ва бо талаби истиқлол барои Курдистон меҷанганд. Ҳуввияти шаҳрвандони Туркияро эълон накарданд. Ба гуфтаи вазир, ҳодисаи рабудани он афродро ба далелҳои амниятӣ пинҳон доштаанд. Ду узви Ҳизби коргарии Курдистонро дастгир кардаанд ва гӯиё онҳо гуфтаанд, ки 13 нафар лаҳзае пеш аз оғози амалиёти низомии артиши Туркия дар минтақа кушта шудаанд.

Ҳулусӣ Акар гуфтааст, дар амалиёт бо номи Чанголи Уқоб-2 48 ошӯбгари курд, аз ҷумла се узви баландпояи онҳоро ба қатл расонидаанд. Дар ин амалиёт ду сарбози турк кушта ва се нафари дигарашон захмӣ шудаанд.

Дар низое, ки даҳсолаҳо байни Ҳизби коргарии Курдистон ва Туркия идома дорад, даҳҳо ҳазор нафар кушта шудаанд. Туркияву Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ин ҳизбро созмони террористӣ эълон кардаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.