Ҷасади Беҳном Маҳҷубиро бо ҳавопаймо ба Кирмон бурда дафн карданд

Беҳном Маҳҷубии 33-сола, як узви  зиндонии ҷомеаи сӯфиёни Гунободии Эрон, ки барои  ширкат дар эътирозҳои соли 2018 ба ду соли зиндон маҳкум шуду дар беморхонае даргузашт, рӯзи 22-юми феврал дар Кирмон ба хок супурда шуд. Радио Фардо мегӯяд, маросими дафни Маҳҷубии зиндонӣ бо вуҷуди он сурат гирифт, ки модараш ба мақомот гуфт, то замони мушаххас шудани сабаби воқеии марги писараш иҷоза намедиҳад, ки ӯро ба хок супоранд. Мақомот гуфтанд, ки ӯ бар асари истеъмоли аз ҳад беши дору даргузашт. Бино ба иттилои ахир, мақомот гуфтанд, намунаҳое аз ҷасад барои мушаххас кардани сабабҳои марги ӯ гирифта шуд ва бо ҳамин метавонанд ӯро ба хок супоранд. Марги Маҳҷубӣ  21-уми феврал эълон шуд ва дафъатан интиқодҳо аз бетаваҷҷӯҳии мақомотро ба бор овард.

Бар асоси гузоришҳо, Маҳҷубиро рӯзи 16 феврал аз зиндони низомаш шадиди Эвини Теҳрон ба беморхона интиқол доданд.  Модараш гуфт, ки писараш бо ёрии дастгоҳи нафаскашӣ нафас мегирад ва дар ҳамин ҳолат ҳам дасташро ба кати беморӣ бо завлона бастанд. Маҳҷубӣ  гирифтори паникаи шадид ваё “ихтилоли ҷиддии ваҳм” буд.

Дарвешони Гунободӣ муддати тӯлонӣ аст, ки дар ҳолати зиддият бо режими Эрон ба сар мебаранд, чун, ба қавли мунаққидон, ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ онҳоро ба унвони таҳдид ба дин арзёбӣ мекунанд. Рӯзи 21-ми феврал як вебсайти расмии давлатӣ гуфт, ки “ба зиндонӣ ёрии вижаи тиббӣ расонида шуд, вале бо вуҷуди талошҳои табибон, мутаассифона, ин зиндонӣ даргузашт”. Созмони зиндонҳои Эрон иддао кард, ки ба шаҳодати ҳамутоқони Маҳҷубӣ дар зиндон, ӯ “ихтиёран ва бидуни машварат бо табибон чанд доруи худ ва дигар зиндониҳоро фурӯ бурдааст”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.