Ҷасади Гулбиддин Зиёбековро барои ташхиси дубора аз қабр берун карданд

Милитсияи Душанбе мардони ба лату кӯби ду духтари15 сола гумонбар шударо боздошт кард

Милитсияи шаҳри Душанбе мардонеро, ки ба лату кӯби ду духтари ноболиғ гумонбар дониста мешаванд, боздошт намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз ифшои ҷузъиёти воқеа худдорӣ намуд. “Аз ҳамаи ҷузъиёти ҳодиса пас аз тафтишот хабар медиҳем”, – гуфтанд дар Раёсат.

Қобили зикр аст, ки модари яке аз духтарон – Шаҳноз Комилзода дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод, ки духтараш Мумтоз ва дугонаашро се мард мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Ҳодиса рӯзи 19 декабр соати 15:00 дар маркази пойтахт, назди дармонгоҳ (поликлиникаи 1, каме дуртар аз Хадамоти раводиду бақайдгирӣ (ОВИР) ба вуқӯъ пайвастааст.

Комилзода навиштааст, имрӯз соати 3-и рӯз дар маркази шаҳри Душанбе 3 нафар ба 2 духтари 15 сола, ки якеаш духтари ман буд дастдарозӣ, дашном ва лату кӯб мекунанд.

“Ба аъзои бадани духтарам даст мерасонад, духтарам кушиш мекунад дастони ин ҳайвонро аз баданаш дур кунад, баъд телефонашро аз дасташ зада мегирад ва дашномаш мекунад”, – навиштааст ӯ.

Гуфта мешавад, вақте ки духтарон барои гирифтани сумкаю телефонҳояшон талош мекунанд, дугонаи духтарро ба замин афтонда бо шата ба сару рӯю шикамаш мезананд ва телефонро ба замин партофта мешикананд.

“Роҳгузарон ҳамаи ин ҳолатро дида ором гузашта мераванд. Ва ҳатто духтарҳоро таънаю маломат мекунанд, ки “Дар хонаҳотон шинен чо мекуна…”, – иброз доштааст модари духтар.

Зикр мегардад, ки ҳолати равонии духтарҳо бисёр бад буда, зарбаи шадиди равониву ҷисмонӣ гирифтаанд.

Ҷасади Гулбиддин Зиёбековро барои ташхиси дубора аз қабр берун карданд

Ҷасади Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшонро, ки рӯзи 25-уми ноябр ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ кушта шуд, барои ташхиси дубора аз гӯр берун кардаанд.

Тавре пайвандони Зиёбеков нақл карданд, ки коршиносони судӣ-тиббӣ барояшон гуфтаанд, эҳтимол дар ҷасад ду тир боқӣ мондааст ва онро барои санҷиш бояд берун оранд.

Марги Гулбиддин Зиёбеков дар рӯзи 25-уми ноябр боиси эътирози чоррӯзаи сокинон дар Хоруғ шуд ва мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мувофиқа расиданд, ки ин ҳодисаро одилона тафтиш мекунанд.

Интизор Зиёбеков, бародари Гулбиддин Зиёбеков  гуфтаст, ки ҷасадро рӯзи 11-уми декабр берун карданд. Ӯ гуфтааст ба хотири тафтиши одилонаи парванда ба берун кардани ҷасад ризоият доданд. Тавре ӯ мегӯяд, дар ин ташхис маълум шудааст, як тир дар камари ӯ зада шудааст ва аз дилаш берун шудааст.

“Онҳо чӣ ёфтанд ва ба чӣ натиҷа расиданд, ҳоло то охири тафтишот бояд интизор шавем. Ҳангоми берун кардани ҷасад намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамроҳи онҳо буд”,-гуфт ӯ.

Минбаъд дар Тоҷикистон пас аз гирифтани ваксина QR-код медиҳанд

Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ барои роҳандозии низоми QR-код таҷҳизот гирифта, рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон баъди воксизанӣ QR-кодҳо дода мешаванд, хабар дод Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии кишвар.

Роҳандозии ин низом дар Тоҷикистон бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад.

“Таҷҳизотро гирифта, ҳозир насб карда истодаем. Умедворем, ки рӯзҳои наздик низом ба кор даромада, мо ҳам бар асоси пешниҳоди гувоҳнома (сертификат) дар бораи ваксина гирифтан QR-код дода метавонем”, – гуфт Ҷаъфаров.

Ҳоло ҳамаи озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо) дар кишвар ПСР-тести коронавирус гирифта, дар портали «Путешествую без Covid-19» (Бе Covid-19 саёҳат мекунам) кор мекунанд ва бар асоси натиҷаи тест QR-код медиҳанд, ки дар муддати 48 соат амал мекунад.

“Ҳамаи маълумот аз рӯи ин кодҳо ба пойгоҳи низом ворид шуда, баъдан QR-код-ҳо танҳо бар асоси ваксинагирӣ дода мешаванд”, – шарҳ дод Ҷаъфаров.

Гувоҳномаҳо (сертификатҳо) дар бораи ваксингирӣ, ки дар Тоҷикистон дода шудаанд, баъзан дар Русия эътироф намешаванд.

Боздошти ду нафар корманди коиссариати ҳарбии Суғд барои фурӯши билети ҳарбӣ

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон як корманди Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд Мавзуна Абдуллоева ва як шарики ӯ Ғафурова З. И.-ро бо ҷурми гирифтани пора дастгир намуда, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар иттилои расмим ин ниҳод омадааст, ки онҳо бар ивази омода кардани билети ҳарбии корношоямӣ аз як шаҳрванд 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани 6 ҳазор сомонӣ боздошт шудаанд. Аммо аз шаҳрванде, ки бояд билетҳи ҳарбӣ мегирифт, оҷонсӣ ном набурдааст.

“Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони оҷонсӣ Абдуллоева Мавзуна Наимовна баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 6000 сомонӣ пора боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд.”-омадааст дар хабарномаи ин нищод.

Ин ниҳод гуфтааст, ин ду зан маблағи тасарруфкардаро ба хароҷоти шахсиашон сарф намудаанд.

Феълан нисбати ин ду бо гумони қаллобӣ (моддаи 247 қисми 2 бандҳои “Б”, “В” ва “Г” Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом, тибқи ин бандҳои қонун ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ва ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Сообщение Ҷасади Гулбиддин Зиёбековро барои ташхиси дубора аз қабр берун карданд появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.