Ҷасади Кэтрин Серу унвонҷӯи амрикоӣ дар Русия ёфт шуд

Ҷасади унвонҷӯи амрикоӣ, ки як ҳафта инҷониб дар Нижний Новгороди Русия нопадид шуда буд, пас аз кофтукоби серӯза кашф шудааст. Дар ин бора манобеи маҳаллӣ рӯзи 19-уми июн хабар доданд.

Пас аз оне ки Кэтрин Серуи 34-сола дар оғози ҳафта ба як мошин “бо марди бегона” нишаст, беному нишон шуд, полис тафтишотро оғоз кард. Модари Серу, ки дар аёлати Миссисипи ба сар мебарад, ба Радиои Миллии Ҷамъиятии ИМА (NPR) гуфт, ки вай бори охир рӯзи 15 июн аз духтараш паёмаке гирифт, ки дар он навишта шудааст: “Дар мошин бо марди ношинос ҳастам. Умедворам, ки маро рабуданӣ нестанд. ”

Гуфта мешавад, ки афсарону беш аз 100 нафар ихтиёриён минтақаи ҷангалро дар беруни шаҳр, ки дар 400 километрии шарқи Маскав ҷойгир аст, ҷустуҷӯ мекарданд.

Бино ба гузоришҳо, Серу ду сол пеш хонаи худро дар аёлати Калифорния, барои харҷи сафар ба Русия ҷиҳати омӯзиши забон фурӯхта буд. Баъдан ӯ барои шомил шудан ба факултаи ҳуқуқшиносӣ ҳуҷҷат супурдааст. Ба иттилои Радиои Миллии Ҷамиятии Амрико Кэтрин тирамоҳи соли 2019 ба бахши магистри ҳуқуқи Донишгоҳи Лобачевский дар Нижний Новгород шомил шуда буд.

Як созмони ихтиёриёни ҷустуҷӯгар ва наҷотбахшони Русия “Рис”, ки ихтиёриёнаш дар ҷустуҷӯи одамони нопадидшуда кӯмак мекунанд, хабари пайдо шудани ҷасадро нашр карда ва ба оилаи Кэтрин Серу изҳори тасаллият баён карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.