Ҷавод  Зариф: Трамп ба думболи баҳонае барои ҷанг миёни “ду кишвар” аст

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии Амрикоро муттаҳам кард, ки ба думболи баҳонае барои ҷанг миёни “ду кишвар” аст. Ин суханони Зариф дар остонаи солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорон садо дод.

Сулаймонӣ субҳи 3-юми январи соли гузашта дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини артиши Амрико дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шуд.

Мақомҳои амрикоӣ гуфтаанд, Эрон ва ё тарафдоронаш мумкин аст, барои қасоси Сулаймонӣ ҳамлаҳоеро дар рӯзҳои оянда анҷом диҳанд.

Доналд Трамп рӯзи 23-юми декабр дар бораи ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолӣ ба воҳидҳои низомӣ ва дипломатҳои амрикоӣ дар Ироқ ба Эрон ҳушдор дод.

Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, кишвараш ба думболи ҷанг бо Амрико нест, аммо ба гуфтаи ӯ, Теҳрон “ошкоро ва мустақим аз мардум, амният ва манофеи ҳаётии худ дифоъ хоҳад кард.”

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.