«ҶАВОНОНИ ПОЙТАХТ». Чунин номгузорӣ шуд ташкилоти ибтидоии ҳизбии навтаъсиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе

ДУШАНБЕ, 26.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 август дар назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷавонони пойтахт» таъсис дода шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати мазкур хабар доданд, ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷавонони пойтахт» бо овоздиҳии якҷояи масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе таъсис ёфта, мақсад аз он ҷонибдорӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни ҷавонони мамлакат мебошад.

Роҳбарии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷавонони пойтахт»-ро сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ба зимма гирифта, Маҳкамбой Гулов котиби ташкилоти мазкур интихоб гардид.

Зикр шуд, ки  таъсис додани чунин ташкилоти ҳизбӣ дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иқдоми муҳим  мебошад.

Дар охир ба  кормандони ҷавони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо шаҳодатномаи ҳизбӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки  аъзои ҲХДТ  будан барои кормандони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт боиси ифтихор буда, пайравӣ аз ташаббуси созанда ва наҷиби Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нишонаи садоқатмандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди созандагию бунёдкории Ватан мебошад. Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷавонони пойтахт» бо садоқатмандӣ дар амалисозии ҳадафҳои оинномавию барномавии пеш аз интихоботи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, саҳми муносибу арзандаи худро мегузоранд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.