Ҷазо барои амали содирнашаванда. Фошкории ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Ҳуқуқдон Ҷамшед Ёров дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷазо барои ҷинояти набударо кашф кардааст.
  • Ҷамшед Ёров навиштааст, ки  Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои саркашӣ аз хидмати ҷойгузин  алтернативӣ) ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мекунад, ҳол он ки хидмати ҷойгузин дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
  • Ӯ менависад, ки “дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 343 Кодекси ҷиноятӣ чунин омадааст, ки:
 -Барои саркашӣ аз хидмати ҷойгузин аз ҷониби шахсони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда  меҳнати ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад нишондиҳандаи ҳисобӣ ҷазо пешбинӣ мешавад. (зрт. 17.05.04, N35); (зрт.06.10.08, № 422);
 – Барои саркашӣ аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ё хизмати алтернативӣ  бо роҳи:
а) осеб расонидан ба худ;
б) қалбакӣ сохтани ҳуҷҷатҳо ё дигар фиребҳо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.  Чунин хидмат дар кишвар вуҷуд надорад”.
  •  “Тавре мебинем, ин муқаррарот ба Кодекси ҷиноятии солҳои 2004 ва 2008 ворид карда шуда буданд, аммо Қонун “Дар бораи хидмати алтернативӣ” ҳанӯз дар кишвар қабул нашудааст. Ҳамин тариқ, ҷазо барои он чӣ, ки дар асл анҷоми он барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ғайримумкин аст, пешбинӣ мешавад: Ҷазо аз меҳнати маҷбурӣ то панҷ соли зиндон”- таъкид намудааст Ҷамшед Ёров.
  •  Ҳич яке аз мақомҳои кишвар ҳозир нашуд, ки ин қазияро шарҳ диҳад.
  • Мавриди зикр аст, ки порлумони кишвар лоиҳаи “Қонун дар бораи хидмати ҷойгузин”-ро  баррасӣ карда буд, вале қабул нашуду тақдири  он номаълум боқӣ мемонад.

The post Ҷазо барои амали содирнашаванда. Фошкории ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.