Ҷээнбеков: “Ман президенти қонунӣ боқӣ мемонам”

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар суҳбат бо бахши қирғизии Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфт, барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвараш бисёри чизҳо аз ӯ вобастааст. Ба гуфтаи Ҷеенбеков, ӯ “президенти қонунӣ” боқӣ мемонад, ки бояд нақши доварро бибозад.

“Шӯрои ҳамоҳангсоз талош дорад, ки вазъро ба маҷрои ҳуқуқӣ баргардонад. Ман низ ба ин даъват карда, омодаам, кумаки худро расонам. Ман президенти қонунӣ ҳастам. Бисёри чизҳо аз ман низ вобастааст”,-изҳор дошт Ҷеенбеков.

Вай дар посух ба суоли рӯзноманигор, ки оё имкони пешгирии ҳаводиси ахир буд, афзудааст, “барои ин ҳамоиши эътирозӣ аз пеш омодагӣ дида буданд”. Ҷеенбеков нерӯҳои сиёсии Қирғизистонро ба гуфтугӯ ва “баргардонидани вазъ ба маҷрои ҳуқуқӣ” даъват кард.

Дар майдони марказии “Ала-Тоо”-и шаҳри Бишкек 5 октябр зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4 октябр тазоҳуроти бидуни муҳлат оғоз шуд. Эътирозгарон бекор кардани натиҷаҳо ва баргузории интихоботи навро талаб карданд. Дертар, шаби 5 ба 6 октябр тазоҳургарон бинои порлумон, дафтари президент ва бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро ғасб карданд.

Эътирозгарон ҳамчунин сиёсатмадорони зиндонӣ, президенти пешин Алмосбек Отамбоев, сарвазири пешин Сафар Исҳоқов ва собиқ вакилони порлумон Содир Жапарову Равшан Ҷеенбековро озод карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.