Ҷиноятҳо алайҳи рӯзноманигорон набояд беҷазо монанд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Дар тақвими рӯзҳои байналмилалии СММ 2-юми ноябр ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмилалии хотима додан ба беҷазоӣ барои ҷиноятҳо алайҳи рӯзноманигорон (IDEI) таҷлил  мешавад.
  •  Ин рӯз  соли 2013 бо қарори хосаи Маҷмаъи Умумии СММ  бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба вазъияти ташвишоваре, ки қобилияту тавоноии рӯзноманигоронро дар иҷрои рисолати худ маҳдуд мекунад ва ҳуқуқи мардумро барои гирифтани маълумоти боэътимод халалдор мекунад, таъсис ёфтааст.
  • Санаи таъсиси рӯз ба хотираи ду рӯзноманигори фаронсавӣ, ки бо дастури ҳайати таҳририя даргириҳои мусаллаҳона дар кишвари Мали – Гислен Дюпон ва Клод Верлонро инъикос мекарданду2 ноябри соли 2013 аз ҷониби ҷангиён рабуда ва кушта шуданд,  интихоб шудааст.
  • Ин ҷиноят норозигии ҷомеаи ҷаҳониро ба бор оварда буд ва дар натиҷа СММ санадеро қабул кард, ки дар он зӯроварӣ нисбати намояндагони матбуот ва монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои онҳо маҳкум карда мешавад. Ҳол он, ки тибқи қонунҳои байналмилалии башардӯстона, кормандони ВАО, ки дар минтақаҳои даргириҳои мусаллаҳона кор мекунанд, бояд аз ҷониби намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои ҷангиён ҳифз ва эҳтиром карда шаванд.
  • Таваҷҷӯҳ ба мубориза алайҳи  беҷазоӣ  бо вазъияти нигаронкунандаи рӯзноманигорӣ алоқаманд аст, зеро дар 12 соли охир ҳудуди 1010 рӯзноманигор ҳангоми таҳияи охирин хабар ва расонидани иттилоот ба мардум кушта шуданд.
  • Ҳамин тавр, дар соли 2012, бино ба маълумоти ЮНЕСКО, 124 рӯзноманигор, дар соли 2014 – 98 ва дар соли 2015 – 115 рӯзноманигор кушта шуданд. Танҳо дар Украина, аз соли 2014 инҷониб 17 корманди ВАО, аз ҷумла рӯзноманигорони рус Антон Волошин, Игор Корнелюк, Андрей Стенин, Анатолий Клян, фотожурналисти итолиёӣ Андреа Рочелли кушта шуданд, – иттилоъ медиҳад jrnlst.ru.
  • Тибқи иттилои Кумитаи амрикоии дифоъ аз рӯзноманигорон, дар панҷ соли Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992-1997) ҳадди аққал 29 рӯзноманигор кушта шуданд, аммо бар асоси иттилои EUCTJ ин омори мудҳиш  беш аз 70 нафарро ташкил медиҳад.
  • Баъзе намояндагони матбуот аз дасти ҷангҷӯёни Иттиҳоди неруҳои оппозисиюни Тоҷик (ИНОТ), ки ба нерӯҳои ҳукуматӣ мухолифат мекарданд, кушта шуданд, аммо ба эътирофи аксари коршиносон, қисми зиёди кушторҳо аз ҷониби ҷангиёни “Фронти халқи”- и тарафдори Ҳукумат содир шудааст. Мутаасифона, аксари ин кушторҳо аз ҷониби мақомоти  феълии Тоҷикистон  тафтишу таҳқиқ нашудаанд ва ҳукумати Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмиллалиашро дар ин самт иҷро намекунад.
  • Мавриди зикр аст, ки ҷиноёт зидди рӯзноманигорон ва кормандони ВАО аз воқеъиятҳои имрӯзи Тоҷикистон мебошад. Мақомоти қудратӣ, сохтору таркибҳои наздик ба ҳукумат (бо шумули “Фабрикаи ҷавоб”)  ва ҳамчунин таркибҳои наздик ба мухолифини мазҳабии тоҷик (ба истилоҳ “Еврокашар”) ҳамоно дар баробари рӯзноманигорон аз латукуб, фишору тазъиқ сари худи онҳову наздиконашон, паҳн кардани ахбори дурӯғин ва ҳамчунин кибербулинг ё зӯргӯӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ истифода мебаранд.
  • Зиндонӣ кардани Далер Шарипов, латукуби Абдуллоҳ Ғурбатӣ, кибербулинг зидди Шаҳлои Гулхоҷа, Додоҷони Атовулло, Исфандиёри Одина, Дориюши Раҷабиён,  Ҳарамгули Қодир, Абдулло Ғурбатӣ,  Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, Хайрулло Мирсаидов ва дигарон аз намунаҳои амалкарди ғайриқонунӣ дар баробари рӯзноманигорони тоҷик мебошанд, ки дар як соли ахир рух додаанд, вале бо далелҳои гуногун баҳои ҳуқуқӣ нагирифтаанд.

The post Ҷиноятҳо алайҳи рӯзноманигорон набояд беҷазо монанд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.