Ҷо Байден ҳукумати Трампро ба “монеасозӣ” муттаҳам кард

Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико Ҷо Байден ҳукумати Доналд Трампро ба “сангандозӣ” дар тамос байни мақомҳои давлатӣ ва тими интихоботии худ, муттаҳам кард. 

Байден рӯзи 28-уми декабр гуфт, тими вай ба “монеасозиҳо” аз сӯи вазорати дифоъ, идораи мудирият ва будҷа рӯбарӯ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир наметавонанд маълумотеро, ки дар бораи амнияти миллӣ лозим аст, аз ҳукумати дар ҳоли хуруҷ (ҳукумати Трамп) дарёфт кунанд. 

Ӯ изҳор дошт, тими интихоботиаш бояд тасвире комил дар бораи будҷаи вазорати дифоъ ва дигар оҷонсиҳо дарёфт кунад.

Ин суханони раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико пас аз он садо дод, ки тимҳои интиқоли қудрат, аз ҷумла вазири хориҷӣ, вазири дифоъ ва мушовири амнияти миллии таъйиншудаи ӯ , ба вай ва муовинаш Камила Ҳаррис дар робита ба умури амнияти миллӣ маълумот ироа карданд.

Оқои Байден гуфт, тими ӯ ошкор кардааст, ки ниҳодҳои амниятӣ дар даврони раёсати ҷумҳури Трамп садамаи шадиде дидаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.