Ҷо Байден дар остонаи 20-умин солгарди ҳамлаҳои террористӣ аз ваҳдати миллӣ дар ИМА сӯҳбат кард

Президенти ИМА Ҷо Байден дар як паёми видеоӣ дар остонаи 20-умин солгарди ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр аз сокинони кишвар хост, ки “ваҳдати миллӣ”-ро ба намоиш гузоранд. Байден гуфт, ки ваҳдату муттаҳидӣ “дарси асосии” ҳамлаҳое буд, ки ҷони 3 ҳазор нафарро гирифт. Дар ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001  ҳавопаймоҳои мусофирбаре, ки аз ҷониби террористони узви “Ал-Қоида” идора мешуданд, ба бинои Маркази тиҷоратии воқеъ дар шаҳри Ню-Йорк, бинои Пентагон  дар беруни Вашингтон ва як майдоне дар Пенсилвания бархӯрданд. Байден дар як паёмаш дар Твиттер рӯзи 10-уми сентябр навишт, ки он ҳодисаҳо “қаҳрамонии ҳар як нафарро” ба намоиш гузошт. Ӯ гуфт, “чизе, ки бисёр нодир аст – ин эҳсоси ваҳдату ягонагии миллӣ” буд, ки баъди ҳодисаҳои террорристӣ дар ҷомеаи ИМА дида шуд.  Ӯ гуфт, ки ваҳдат “нирӯи қавитарини” кишвар аст ва, ба қавли Байден, ҳар як амрикоӣ метавонад эътиқоди худро дошта бошад, “вале мо бояд эҳтироми бунёдӣ ва эътимод ба ҳамдигар ва ин миллат дошта бошем”.

Суханронии Байден дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷомеаи ИМА  дар робита бо пандемияи COVID-19, эмкунии ҳатмӣ ва хуруҷ аз Афғонистон тақсим шудааст. Рӯзи 11 сентябр қарор аст президент Ҷо Байден ва ҳамсараш Ҷилл  ҳарсе маконеро, ки мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанд, зиёрат кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.