Ҷо Байден: “Омилони ҳамлаҳои Кобул муҷозот хоҳанд шуд”

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико пас аз кушта шудани 13 тан аз низомиёни амрикоӣ дар таркишҳои рӯзи панҷшанбе дар фурудгоҳи Кобул ваъда дод, ки ИМА омилони ин ҳамларо пайдо ва ҷазо хоҳад дод.

Президенти Амрико шаби гузашта зимни суханронӣ дар Қасри Сафед ин ҳодисаро маҳкум кард ва гуфт, “касоне, ки ин ҳамларо анҷом доданд ва ҳамчунон ҳар касе, ки барои амрикоиҳо зарар мехоҳад, мо онҳоро намебахшем ва фаромуш нахоҳем кард. Мо шуморо пайдо ва дастгир хоҳем кард. Ман бо ҳар роҳе аз манфиатҳои мардуми худ дифоъ хоҳам кард”.

Раиси ҷумҳури Амрико дар идома гуфт, ки ин ҳамла Амрикоро аз маъмурияташ дар заминаи берун кардани ҳазорон шаҳрванди Амрико, ҳампаймонҳо ва афғонҳое, ки ба хатар рӯбарӯ ҳастанд, аз Афғонистон боз нахоҳад дошт.

Вай афзуд, “медонам, ки чанд ҳафтаи гузашта бисёре шумо аз шунидани ин ҷумла хаста шуда бошед, ки мо аз сӯи ниҳодҳои кашфӣ хабардор шудаем, ки шохаи “Хуросон”-и ДОИШ, душмани асосии Толибон, афроде, ки бо боз шудани зиндонҳо озод шуданд, як ришта ҳамлаҳои печидаро бар амрикоиҳо ва дигарон тарҳрезӣ кардаанд. Ба ҳамин сабаб, аз оғоз ба такрор гуфтаам, ки ин маъмурият бисёр хатарнок аст ва ба ҳамин хотир хостори он будам муддати ин маъмуриятро маҳдуд кунам”.

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки дар 12 рузи гузашта беш аз 100 ҳазор нафар аз Афғонистон берун бурда шуданд. Байден 31-уми августро охирин руз барои берун кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон муайян кардааст ва мегӯяд ва дар чанд рузи оянда вақти кофӣ барои поёни берун кардани афроди боқимонда доранд. Тахмин зада мешавад, ки ҳудуди 1000 шаҳрванди Амрико ҳануз дар Афғонистон ҳузур доранд.

Байден аз низомиёни амрикоӣ, ки ҷон бохтанд ҳамчун қаҳрамон ёд кард ва гуфт, ки онҳо дар як маъмурияти хатарнок, фидокорона барои наҷоти ҷони дигарон кор карданд.

Мақомоти баландпояи низомии Амрико гуфтанд, ки дар ду ҳамлаи интиҳории шоми панҷшанбе дар дар наздикии дарвозаҳои Фурудгоҳи байналмилалии Кобул 13 сарбози амрикоӣ ҷон бохтанд ва 15 тани дигар захмӣ шуданд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки ҳазорон нафар аз ду ҳафта ба ин тараф дар пушти дарвозаҳои ин фурудгоҳ барои берун рафтан аз Афғонистон ҷамъ омадаанд. Бар асоси гузоришҳо, даҳҳо афғон низ дар таркишҳои дируз дар Кобул ҷон бохтанд.

Як мақоми Вазорати тандурустии Афғонистон ба шарти фош нашудани номаш ба Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ки шумораи мардуме, ки дар ҳамлаи рӯзи панҷшанбе дар Фурудгоҳи Кобул кушта шуданд ба 90 нафар расид ва шумораи захмиён ҳам 159 нафар аст. Ин омор шаби гузашта 60 нафар кушта ва 140 захмӣ зикр шуда буд.

Шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар баёнияе гуфтааст, ки як интиҳоркунандааш тарҷумонҳо ва ҳамкорони артиши Амрикоро ҳадаф қарор додааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.