Ҷо Байден раисҷумҳури навбатии ИМА интихоб шуд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Номзади Ҳизби Демократ Ҷо Байден пас аз чанд рӯзи номуайянӣ дар сабқати интихоботӣ баранда ва раисҷумҳури ояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон шуд.
  • Тибқи иттилоъи DW ӯ ба ҷойи 270 раъйи зарурӣ 279 раъй ба даст овард ва рақиби худ, раисҷумҳури феълии ИМА Доналд Трампро шикаст дод.
  • Ин хабар Доналд Трампро дар майдони бозии голф ғофилгир кард. Ситоди ӯ эълон кард, ки натоиҷи интихоботро эътироф нахоҳанд кард.
  • Байден бо собиқаи зиёда аз 35 соли сенаторӣ  дар маъмурияти  44-умин раисҷумҳури ИМА Барак Обама ба сифати ноиби раисҷумҳур ифои вазифа намудааст, яке аз мӯътабартарин ва ботаҷрибатарин намояндагони Ҳизби Демократ ба ҳисоб меравад.
  • Дар лаҳзаи савгандёдкунии худ, 20 январи соли 2021 ӯ 78-сола хоҳад буд ва ҳамин тавр кӯҳансолтарин раисҷумҳур дар дар таърихи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хоҳад шуд.
  • “Амрико, ман аз он фахр мекунам, ки маро дар ин мақоми пурмасъулият интихоб кардед. Коре, ки дар пеш аст, душвор хоҳад буд. Аммо ман ба шумо ваъда медиҳам, ки новобаста аз он, ки шумо ба кӣ ройъ додед,  раисҷумҳури тамоми амрикоиҳо хоҳам шуд”- навишт Ҷо Байден дар саҳифааш дар Твиттер.
  • Коршиносон бар он назаранд, ки яке аз сабабҳои пирӯзии Ҷо Байден ин мавзеъгирии ӯ дар робита бо бемории КОВИД-19 аст. Аз оғози пандемия, Ҷо Байден борҳо дар атрофи ин мавзӯъ ба аҳолии кишвар муроҷиат карда, аксар вақт барои изҳори тасаллият ба хешовандони марҳум вақт пайдо намуд.
  • То имрӯз дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  беш аз 225,000 нафар аз бемориии COVID-19  фавтидаанд. Баръакси Трамп Байден ҳамеша  аз сокинони ИМА даъват мекард, ки мардум фосилаи иҷтимоиро риоя карда,  ниқобҳои муҳофизатӣ пӯшанд.
  • Нуктаи дигар аз назари коршиносон он аст, ки дар замони раҳбарии Доналд Трамп дар кишвар ихтилоф ба вуҷуд омад. Ҷо Байден тасмим гирифтааст, ки ихтилофҳоро аз байн бурда Амрикоро ба ҳам  муттаҳид кунад. “Агар шумо ба ман вазифаи  раисҷумҳуриро супоред, ман кӯшиш мекунам, ки шуморо танҳо ба рӯшноӣ барам, на ба зулмот. Вақти он расидааст, ки мо муттаҳид шавем”- гуфта буд ӯ 20 август пас аз пазируфтани номзадияш дар мақоми раисҷумҳурӣ аз Ҳизби Демократ.
  • Байден ҳамчунин ваъда дод, ки миллионҳо ҷойҳои нави корӣ эҷод кунад ва ба масъалаи муҳити зист аҳамияти бештар диҳад. Самту таркибҳои сиёсати хориҷии Байден низ маълум аст. Ваъдаи асосии ӯ барқарор кардани “роҳбарияти мӯҳтарами ИМА дар арсаи ҷаҳон” мебошад. Ҳамкорӣ дар доираи НАТО низ аз бартариятҳои барномаи пешазинтихоботии Байден буд.
  • Ҷо Байденро то кунун сарони бисёре аз кишварҳои олам, аз ҷумла Бритониёи Кабир, Конода, Юнон, Ирландия, Белжик ва Литва ба муносибати  интихобаш ба мақоми раисҷумҳури ИМА табрик карданд. Аммо ба назар мерасад, ки Доналж Трамп гузашт карданӣ нест. Оқибати ин гуна мавзеъгирии ӯ чи хоҳад буд, вақт нишон медиҳад.

The post Ҷо Байден раисҷумҳури навбатии ИМА интихоб шуд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.