Ҷоизаи имсолаи Сахаров ба мухолифони Беларус тақдим мешавад

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская ва дигар фаъолони мухолифони демократӣ дар маросиме 16-уми декабр бо ҷоизаи ба номи Сахарови Парлумони Аврупо мукофотонида мешаванд. Тихановская як ҳафта пеш аз тақдими ҷоиза дар Брюссел бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо дидору гуфтугӯ кард. Президенти парлумони Аврупо Девид Сассолӣ моҳи октябр гуфт, ки соли ҷорӣ Шӯрои ҳамоҳангсози Беларус барандаи ҷоизаи Сахаров мешавад. Сассолӣ гуфт, ки намояндагони мухолифони Беларус барои ҷасорат, муқовимат ва азми қавие, ки дар дифоъ аз озодии андешаву баён ба намоиш гузоштанд, бо ҷоиза мукофотонида мешаванд. Ҷоизае бо арзиши 50 ҳазор евро соли 1988 ба номи донишманди физикдони шӯравӣ Андрей Сахаров барои қадрдонии шахсиятҳову созмонҳои муборизи ҳуқуқи башар таъсис дода шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.