Ҷонибдорони Навалний бо талаби раҳоии ӯ дигарбора ба кӯчаҳо мебароянд

Тими мухолифи зиндонии Русия Алексей Навалний эълом карданд, ки бо талаби раҳоии сиёсатмадор бузургтарин тазоҳурот дар таърихи Русияи навро баргузор мекунанд.

Ҷонибдорони Навалний мегӯянд, дар бораи замон ва макони баргузории тазоҳурот баъди он хабар хоҳанд дод, ки 500 ҳазор одам омодагии худро барои иштирок дар он эълом кунанд.

Барои бақайдгирии иштирокдорони тазоҳурот сомонаи махсус таъсис дода шуд, вале он баъди эъломи баргузории эътироз дастнорас гашт. Ҷонибдорони Навалний бар инанд, ки метавонанд бузургтарин ҳамоиши эътирозӣ дар таърихи Русияи навро ташкил намоянд.

Дар матни эълом омадааст, ки баргузор кардани тазоҳурот танҳо як қисми нақшаи озод сохтани сиёсатмадори мухолиф аст.

Алексей Навалний, ки августи порсол дар минтақаи Сибир бо сафари корӣ қарор дошт, ҳангоми бозгашт ба Маскав дар дохили ҳавопаймо худро бад ҳис карду беҳуш шуд. Ҳавопаймо дар шаҳри Омск фуруд омад ва ӯро ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд.

Баъди чанд рӯз ӯро барои наҷоти ҷонаш ба Олмон интиқол доданд ва дар он ҷо маълум шуд, ки ӯ бо заҳри низомии шӯравии “Новичок” заҳролуд карда шудааст.

Баъди бозгашт аз табобат моҳи январ Навалний боздошт ва дар нақзи ҳукми ҳабси шартии соли 2014-и додгоҳ гунаҳгор шуд. Оғози моҳи феврал ӯро ба 2,5 соли зиндон маҳкум карда ба маҳбас интиқол доданд.

Қабл аз ин дар як филми таҳқиқотӣ Навалний ва тими ӯ собит карданд, ки дар заҳролудкунии ӯ ходимони мушаххаси ФСБ гунаҳгоранд, вале мақомот дар Маскав ин иттиҳомотро рад карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.