Ҷорҷ Шултс – собиқ котиби давлатии ИМА дар 100-солагӣ даргузашт

Дар Амрико дар синни 100-солагӣ собиқ котиби давлатии ИМА Ҷорҷ Шултс даргузашт. Ин шахсро яке аз саҳмгузорони хатми Ҷанги Сард меноманд. Пажӯҳишгоҳи Ҳувер рӯзи 7 феврал хабар дод, ки Шултс “як сиёсатмадори бисёр бонуфузе дар таърихи ИМА буд, ки дар замони раҳбарии се президент ифои вазифа кардааст”. Ӯ дар замони президентии Роналд Рейгард солҳои 1982 то 1989 дар мақоми котиби давлатӣ кор кардааст. Дар замони президент Ричард Никсон дар вазифаҳои вазири молияву вазири кор ва раиси Идораи мудирият ва буҷа кор кардааст. Шултс замони барқарории равобити хуб бо Иттиҳоди Шӯравӣ ба Рейган машваратҳо додааст, ки бо раҳбари ин кишвар Михаил Горбачев равобити дӯстона барпо кунад. Як саҳми муҳими ин ҳамкориҳои имзои Созишномаи назорати силоҳҳои ҳастаӣ буд. Нақши ӯро дар талоши хатми ҷанги Исроилу Фаластин ва ҷанги дохилии Лубнон дар солҳои 1980-ум ҳам хеле муҳим меноманд. Баъди тарки мақомҳои давлатӣ карданаш Шултс дар   Пажӯҳишгоҳи Ҳувер ба ҳайси мушовир кор кардааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.