Ҷорӣ кардани ҷаримаи 5 ҳазор рублӣ барои риоя накардани фосила дар нақлиёти ҷамъиятии Маскав

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Дар нақлиёти ҷамъиятии Маскав мусофиронро дар ҳолати риоя накардани фосилаи 1,5 метрӣ миёни мусофирон 5 ҳазор рубл ҷарима мекунанд.

  • Тавре хабаргузории “ТASS” хабар медиҳад, ин ҷаримабандӣ аз ҷониби нозирони нақлиётӣ амалӣ мегардад.
  • “Дар робита бо вазъи нохуши эпидемиологӣ назорат ҷиҳати риояи талаботи қарори раиси шаҳр пурзӯр шудан дорад. Нозирони КВД “Организатор перевозок” дар ҳамкорӣ бо пулис рейд мегузаронанд. Бояд фосилаи на камтар аз 1,5 метр дар ҳамаи нақлиёти ҷамъиятӣ риоя шавад”, – навиштааст манбаъ.
  • Ҳамчунин дар нишастҷойҳои нақлиёти ҷамъитӣ огоҳиномаҳо бо матни “Фосиларо риоя кунед, инҷо нанишинед” насб гардидаанд. Қаблан ин қавоид хусусияти тавсиявӣ доштанд, ҳоло бошад риояи онҳо ҳатмӣ шуд.
  • Фосила гирифтан яке аз роҳҳҳои хуби пешгирӣ аз паҳншавии вируси куруно ва эмин нигоҳ доштани саломатии мардум аст, ки дар шаҳрҳои азими Иттиҳоди Аврупо низ таҷриба шуда, ҳатто лимити теъдоди мусофирон дар як утобус ҷорӣ гашт. Дар утобусҳои калон, ки то 90 мусофир мегирифтанд савор шудани 21 мусофир иҷозат ҳасту бас. Аммо дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе аз чунин чораҳо ҳанӯз кор нагирифтаанд.
  • Ёдовар мешавем, ки бо қарори шаҳдори Маскав аз 29-уми марти соли ҷорӣ риояи гирифтани фосила барои мардум дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нақлиёт ҳатмӣ шуда буд.
  • Аз оғози пандемияи вируси куруно то ба имрӯз дар дунё беш аз 2,6 млн кас гирифтор ва зиёда аз 180 ҳазор кас фавтидааст. Дар Русия то ба имрӯз беш аз 62 ҳазор гирифтор ва беш аз 550 фавтида ба қайд гирифта шудааст. Дар миёни мубталоён ва фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

The post Ҷорӣ кардани ҷаримаи 5 ҳазор рублӣ барои риоя накардани фосила дар нақлиёти ҷамъиятии Маскав appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.