Ҷузъиёти қатли ваҳшиёнаи духтару падар дар Русия нашр шуд

Бархе расонаҳои русӣ,  дар бораи ҷузъиёти нави қатли ваҳшиёнаи духтару падари тоҷик  дар шаҳри Перм навиштаанд, ки дар аввали ҳамин моҳ ба амал омад. Дар ин куштор домоди хонавода Шоҳназар Шосафаров муттаҳам мешавад. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтааанд,  гумонбар  ки дар анбори  падари ҳамсараш ҳаммолӣ мекардааст, аз ӯ  қарздор буда, майпарастӣ мекардааст. Дар ин замина онҳо байни ҳамдигар муддати тӯлонӣ  ҷанҷол доштаанд. Падари ҳамсараш ба боздоштшуда таҳдид кардааст, ки ӯро ба Тоҷикистон бозпас мефиристад. Вақте мард барои харидани билет меравад, гумонбар ҳамсарашро бераҳмона қатл намуда, баъдан падарарӯсашро  низ мекушад. Ёдовар мешавем, ки Шосафаров дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор шуд. Аммо ӯ гуфт, ки муноқиашаи оилавӣ бар сари он сар зад, ки ҳамсараш мехост исқоти ҳамл карда аз ӯ ҷудо шавад. Ҳоло ба дастгиршуда ҳабси абад таҳдид мекунад.  

Кумитаи тафтишотии Перм рӯзи 4-уми феврал иттилоъ дод, ки Шосафаров бар асоси қисми дуи моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия муттаҳам мешавад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.