10 нармафзори дастрас барои сохтани инфографика

Даҳ нармафзори зерин имкон медиҳанд, ки рӯзноманигор, блогнавис ё корбари ҳушёр матолибашро тақвият диҳад ё матлаби хос бисозад:

Piktochart

нармафзори мазкур хеле сода буда, барои дилхоҳ одам имкони сохтани инфографикаҳоро фароҳам овардааст. Ин нармафзор барои сохтани инфографикаҳо дар расонаҳои интернетӣ ва маърӯзаву дигар ҷойҳои зарурӣ  қулай аст;

Сreately

ин нармафзор бештар барои додаҳоро дар шакли таблӯӣ пешкаш кардан истифода мешавад ва дизайнаш он қадар замонавӣ нест. Як бартарияташ дар он аст, ки бо ҳафт забон, аз ҷумла русӣ кор мекунад.

Infogr.am

аз хизматрасонҳои онлайн мебошад, ки барои сохтани маводи визуалӣ ва инфографикҳо равона шудааст ва нисбатан кораш осон аст. Шаблонҳои тайёраш ба ашхоси нав бо графика кор мегирифта кӯмак карда, корашонро зуд ба сомон мерасонад.

Visual.ly

сомонаи мазкур аслан барои мутахассисон ва дӯстдорони корҳои графикӣ сохта шудааст.Чун он китобхонаи электрониеро мемонад, ки корҳои графиксозони дунёро ҷамъ овардааст. Вале, ҳамчунин шаблонҳои ройгон низ дорад, ки мешавад аз онҳо истифода бурд.

Google Chart
нармафзорест, ки дар он мешавад 11 намуди диаграммаро, аз қабили, хаттӣ, тоблӯӣ, харитавӣ, формуладор ва доирашаклро сохт.

Vizualize.me

ин нармафзор ҳам барои сохтани инфорграфикҳои хуб муфид аст.

Easel.Ly

аз нармафзорҳои замонавии графиксозӣ ба ҳисоб рафта, дар он мешавад аз 15 навъи шаблонҳои тайёр истифода бурд ва ё мувофиқи хоҳиши худ график сохт.

Draw.io

аз нармафзорҳои бепул барои сохтан ва таҳрир кардани инфографикаҳо дониста шуда, миёни истифодабарандагон баҳои хуб гирифтааст.

OmniGraffle

низ аз нармафзорҳои хуб барои сохтани инфографика дониста мешавад.

Сacoo

нармафзори онлайнии дигаре барои сохтани графику харитаҳо буда, хизматрасониаш ройгон аст.

Агар мехоҳед ба сохтани инфографика  ҷиддӣ машғул шаведу устод мекобед дар Фейсбук Шуҳрат Латиповро ёбед  ё ба гуруҳи https://www.facebook.com/groups/INFOGRAPHICSTJ/ бипайвандед.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.