109 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Ватан оварда шуданд

ДУШАНБЕ, 31.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 109 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон  тавассути    парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии украинии Joniкa аз Киев ба Душанбе оварда шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маҷмуъ рӯзи 29 июл 144 нафар аз Украина ба  Тоҷикистон  оварда шуданд, ки 109 нафарашонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 нафарро тоҷиктаборони Украина   ташкил медиҳанд.

                                                                             АКС аз бойгонӣ   

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.