11 сенатори амрикоӣ тасмим доранд, пирӯзии Байденро дар интихоботи ИМА ба чолиш кашанд

11 сенатори ҷумҳурихоҳи ИМА тасмим доранд, пирӯзии Ҷо Байденро дар интихоботи ахири президентии ИМА ба чолиш кашанд. Дар ин бора сенаторҳо дар сомонаи раиси аёлати Техас Тед Круз изҳороти муштарак нашр карданд.

Дар ибтидои ҳафтаи гузашта танҳо Ҷош Ҳоулӣ, сенатори ҷумҳурихоҳ буд, ки гуфт, натиҷаҳои интихоботро ба чолиш мекашад. Сенаторҳои дигар бо вай ҳамовоз шуданд. Бархе аз ҷумҳурихоҳон дар Конгресс, палатаи поёнии порлумони ИМА, низ тасмими рад кардани натиҷаҳои интихоботро доранд.

Дар изҳороти муштараки сенаторҳо омадааст, онҳо раъй хоҳанд дод, то ин ки натиҷаи интихобот дар иёлоте, ки ба бовари ҷонибдорони Доналд Трамп, президенти амалкунанда, тақаллуб шудааст, эътироф нагардад. Сенаторҳо гуфтаанд, ба ташкили комисияи фаврие даъват мекунанд, ки тақаллубро тафтиш кунад.

Расонаҳои ИМА навиштанд, ин изҳорот ва тасмими сенаторҳо рамзӣ буда, монеи ба курсӣ нишастани Ҷо Байден намегарданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.