11 зани узбекро аз “ғуломии шаҳвонӣ” дар Туркия наҷот доданд

Пулиси шаҳри Қунияи Туркия гуруҳи ҷиноии панҷнафариеро боздошт кардааст, ки бо ташкили фоҳишахона машғул буданд.

Бино ба навиштаи нашрияи туркии “Hürriyet”, кормандони пулис 26 декабр баъди ду моҳи назорат 5 фардеро боздошт карданд, ки 12 занро бо таҳдид ба танфурӯшӣ маҷбур мекардаанд. Ҳангоми боздошт аз гумонбарон ду туфангча ва маводи мухаддир дарёфт шудааст. Дар миёни занони озодшуда 11 шаҳрванди Узбекистон ва як шаҳрванди Туркия низ ҳаст.

Тавре маълум шуд, шаҳрванди боздоштшудаи Узбекистон Ш. И. бо ваъдаи ҷои кор шиносномаҳои занонро гирифта, онҳоро ба танфурӯшӣ маҷбур мекардааст.

Департаменти муҳоҷирати Қуния дар ҳоли ҳозир масъалаи баргардонидани узбекистониҳоро ба ватан баррасӣ дорад..

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.