13 сол бо минтақаҳои озоди иқтисодӣ. Чаро он чи, ки мехостем, нашуд?

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар авохири моҳи октябри соли 2008 низомномаҳои нахустин минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Дар зер таҳлил мекунем, ки ин минтақаҳои имтиёзнок тӯли 13 соли гузашта чӣ дастоварду чӣ мушкилиҳо доштанд.

Қонун «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи майи соли 2004 қабул шуда буд, аммо аввалин минтақаҳо танҳо дар охири моҳи октябри соли 2008 аз тарафи палатаи поёнии парлумон қонунӣ карда шуда, ба кори бевосита онҳо боз муддате пас – соли 2009 шуруъ намуданд.

Ин навъ минтақаҳо дар ҳар се вилояти ҷумҳурӣ таъсис ёфтанд: МОИ «Суғд» дар вилояти Суғд, МОИ «Данғара» ва «Панҷ» дар вилояти Хатлон ва МОИ «Ишкошим» дар ВМКБ. Баъдан, соли 2019, дар ҳудуди шаҳри ҳамноми вилояти Хатлон МОИ «Кӯлоб» ташкил ёфт.

Гуфтан наметавон, ки баъди ин соҳибкорон ба минтақаҳои пуримтиёзи навтаъсис  шитофтанд: дар давоми 13 соли охир дар онҳо 40 корхона ба қайд гирифта шудааст, бисёр аз онҳо дар вақтҳои гуногун ва ба сабабҳои мухталиф бекор ҳам мондаанд.

Аммо, биёед дар масъалаи ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ таваққуф кунем.

МОИ «Суғд»

Ин минтақаи саноатии инноватсионӣ соли 2009 ба фаъолият оғоз карда, дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст ва ҳудуди 320 гектарро ишғол мекунад.

Дар он то имрӯз 31 субъект ба қайд гирифта шудааст, аз ин шумора 26-тоаш корхонаи ватанӣ ва 5 адад корхонаи муштарак бо сармояи хориҷӣ мебошад. Фақат 15-тои онҳо дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ кор кардаанд – боқимонда бо сабабҳои гуногун (нарасидани маблағҳои муомилот, ашёи хоми зарурӣ ва ғайра) аз кор мондаанд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолият дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳудуди 195,6 миллион сомониро (17,3 миллион доллар) ташкил дод. Ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пандемия, ки фаъолияти иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон коҳиш ёфта буд, 80% зиёдтар аст.

Истеҳсолро дар 9 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои зерин таъмин менамуданд:

– ҶДММ КМ ТТ «Тоҷпроф» – 124843,9 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Ариана метал пласт» – 15950,0 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Реал» – 11136,6 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ КМ ТТ «Афранг пластик» – 11050,7 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ КМ «СилкоатБойя» – 7477,8 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ КМ «Арча-мебел» – 6198,3 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Фортуна Ко» – 4898,8 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ КМ «Стар Пласт» – 4480,9 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Донаи алмос» – 3442,0 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Тоҷикполиэтилен» – 2844,8 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Суғдиёна Агро» – 1566,1 ҳаз. сомонӣ;

– филиала «Хатана Канада ИНК» – 971,9 ҳаз. сомонӣ;

–  ҶДММ «Равзана Пластик» – 671,3 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Покзарф» -19,7 ҳаз. сомонӣ;

Моҳҳои январ-сентябри соли 2021 дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд се субъекти иқтисодӣ ба маблағи 3072,6 ҳаз. сомонӣ хизматрасониҳои пулакӣ ва 1 субъект ба маблағи 1208,3 ҳаз. сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом доданд

МОИ «Данғара»

МОИ «Данғара» дар ҳудуди ноҳияи ҳамноми вилояти Хатлон ҷойгир буда, масоҳати он 521,3 гектарро ташкил медиҳад.

Дар ин минтақа 26 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо танҳо 9 корхона дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 фаъолият кардаанд. Ҳаҷми маҳсулоти саноат каме бештар аз 52 миллион сумро ташкил дод, аз ҷумла:

– ҶДММ «Тоҷпласт-1» – 14429,0 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Грин-голд» – 2624,0 ҳаз. сомони;

– ҶДММ «Миср-2001» -180,0 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Детйен Бетон» – 2661,6 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Ауфен» – 30826,0 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Ғаюрсаноат» – 943,9 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Оро» – 44,6 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Тоҷи Осиѐ» – 157,5 ҳаз. сомонӣ;

– ҶДММ «Сохтмон-11» – 219,2 ҳаз. сомонӣ;

Корхонаи муштараки коркарди нафти Тоҷикистону Чин ҶДММ «ТК ОИЛ» ба маблағи 11944,7 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дод.

МОИ «Панҷ»

Минтақаи мазкур дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷойгир буда, ҳудудаш 401,6 гектарро ташкил медиҳад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 аз ҷониби корхонаҳои инҷо ба маблағи 1825,0 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуд, истеҳсоли маҳсулот ба қайд гирифта нашудааст.

Дар маҷмуъ, дар ин ҷо шаш субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо соли 2020 танҳо ҶДММ «Брок-2 ЛТД» ва ҶДММ «Ансор Групп» фаъолият кардаанд. Арзиши умумии маҳсулоти онҳо соли гузашта ҳамагӣ 48 ҳазор сомониро ташкил дод.

МОИ «Кӯлоб»

Минтақа дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ба фарқ аз МОИ-и дигар 10 сол дертар – соли 2019 таъсис дода шуд. Он 309 гектарро фаро мегирад.

Дар ҳудуди минтақаи мазкур алъон танҳо як субъект ҶДММ «Тоҷик Алмос» ба қайд гирифта шудааст, ки дар он корҳои сохтмонӣ идома доранд.

МОИ «Ишкошим»

Ин МОИ дар қаламрави ноҳияи Ишкошими ВМКБ воқеъ аст, ҳудуди он 200 гектарро ташкил медиҳад. То ин замон субъект надорад, тайи моҳҳои январ-сентябри имсол истеҳсоли молҳо ва корҳои сохтмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Чӣ тавр комёб шудан метавон?

Дар бораи мушкилоте, ки ба рушди Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон халал мерасонанд, коршиносони ватанӣ ва ҳам хориҷӣ на як бору ду бор гуфтаанд.

Чунончи, соли гузашта директори Ассотсиатсияи кластерҳо ва паркҳои техникии Россия Андрей Шпиленко бо даъвати Барномаи рушди СММ ҳолат ва дурнамои рушди Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро таҳлил намуд.

Камбудиҳое, ки мутахассис ба онҳо таваҷҷуҳ кард, инҳо буданд:

 

Зерсохтори бад

Мушовир аҳамияти пурзӯр намудани фаъолияти ҳукумати кишварро оид ба рушди инфрасохтори дохилии МОИ-ҳои Тоҷикистон қайд кард. Ин, аз ҷумла, ба андешаи ӯ, сохтмони стансияҳои ёрирасон, роҳҳо, участкаҳои саноатӣ ва ғайра.

«Имрӯз ҷаҳон тавре тағйир меёбад, ки сармоягузорон дигар майдонҳоро ҷустуҷӯ намекунанд, балки майдонҳо бояд сармоягузоронро пайдо кунанд. Дар ҷаҳон зиёда аз 5 ҳазор минтақаи иқтисодӣ вуҷуд дорад ва шумо бояд барои сармоягузор мубориза баред. Яъне, худи майдон дигар беназир нест; инфрасохтори ба сармоягузорони эҳтимолӣ пешниҳодшуда метавонад беназир бошад.

Шумо ҳам бо афзалиятҳои андоз ҳеҷ касро ба ҳайрат нахоҳед дод, зеро онҳо дар ҳама ҷо ҳастанд. Пас, пеш аз ҳама, шумо бояд инфрасохтори мувофиқро эҷод кунед “гуфт ӯ.

                       

Набудани тарғибот ва сатҳи пасти ихтисосмандӣ

Самти дуввум, ки Тоҷикистон бояд рушд диҳад, ба гуфтаи коршинос, аз ду қисм иборат аст.

«Аввалаш тарғиб кардан аст. Имрӯз кам одамон нақш ва вазифаи МОИ-ро дарк мекунанд. Бинобар ин ҷидду ҷаҳди максималӣ бояд ба оммавӣ гардондани он равона карда шавад. Механизмеро пайдо кардан лозим аст, ки ба ҳукумати Тоҷикистон имкон диҳад, сармоягузорони эҳтимолӣ дар Афғонистон, Чин, Русияро аз мавҷудияти чунин воҳаҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ огоҳ созад. Ин ҳанӯз иҷро нашудааст ва ин як камбудии калони кишвар аст, ки зарфиятҳои худро намоиш намедиҳад ”,- гуфт ӯ.

Бахши дигари ин самт, ки Шпиленко ба он диққат дод, паст будани сатҳи ихтисосмандии роҳбарони МОИ мебошад.

«Сухан аз салоҳияти одамоне меравад, ки ин соҳаҳоро идора мекунанд. Ман набудани барномаҳоеро, ки ба баланд бардоштани тахассуси роҳбарони маъмурияти МОИ нигаронида шудаанд, камбудии ҷиддӣ медонам», – гуфт ӯ.

Пардохтҳои баланди ниҳонӣ

Мушовир муътақид аст, ки қонунгузории Тоҷикистон дар мавриди қаламравҳои имтиёзнок то ҷое ҳатто беҳтар аз қонунгузории Россия аст.

 «Чунки шумо қариб ҳамаи андозҳоро баробари сифр кардаед, ба истиснои андозҳои иҷтимоӣ ва даромад. Дар ҳудуди минтақаҳои вижаи иқтисодии Русия андозҳо бештар аз МОИ Тоҷикистон ҳастанд. Аммо инҷо мушкилоти дигар ҷой дорад.

Мо арзиши заминро бодиққат баррасӣ намуда, татбиқи лоиҳаи сармоягузориро дар яке аз МОИ-ҳои Тоҷикистон ва минтақаи иқтисодии нави Русия – «Моглино» муқоиса кардем. Маълум шуд, ки қитъаи замин дар ҳудуди МОИ-и Тоҷикистон барои сармоягузор нисбат ба МОИ-и Русия 60 маротиба гаронтар арзиш хоҳад дошт. Аз ин бармеояд, ки дар ҷумҳурӣ пардохтҳои хеле баланди ниҳонӣ вуҷуд доранд”,- гуфт ӯ.

Гузашта аз ин, коршинос як ҷузъиёти, ба ақидаи ӯ, ҷолиби дигареро аз нуқтаи назари андозбандӣ пайдо кард.

«Эълон шудааст, ки андоз аз фоида дар ҳудуди МОИ Тоҷикистон 0% аст, аммо тибқи Кодекси андози ҷумҳурӣ, фоидаҳое, ки молик мегирад, андозбандӣ мешаванд. Маълум мешавад, ки агар ман молик бошам, сармоя гузорам, андоз аз даромад намесупорам, аммо баробари гирифтани фоида аз онҳо давлат андоз мегирад. Ин низ ба пардохтҳои, ба истилоҳ, пинҳонӣ дохил мегардад”,- гуфт ӯ.

Кластерҳо лозиманд

Андрей Шпиленко тавсия медиҳад, ки муносибати маъмурияти МОИ ба сармоягузорон тағйир дода шавад, он мавқеи фаъолтар ишғол намуда, донорҳои эҳтимолиро мустақилона ҷустуҷӯ намояд. Ӯ равиши комплексӣ, яъне рушд додани самти нав – кластерҳоро пешниҳод мекунад.

Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир чаҳор соҳа рӯ ба рушд аст, ки инҳо саноати хӯрокворӣ ва сабук, истихроҷи маъданҳо ва коркарди филиз мебошанд.

«Мо бояд занҷираи ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, масалан, аз истеҳсоли пахта то истеҳсоли либосро тавсиф кунем. Баъдан, мо дар ин занҷира камбудиҳоро муайян мекунем, ки лоиҳаҳои эҳтимолии сармоягузорӣ шуда метавонанд. Минбаъд роҳбарияти МОИ сармоягузорони эҳтимолиро ба ҳавои тоза ва тамошои табиати зебо даъват намекунад, балки ба онҳо лоиҳаҳои омодаи асоснокро пешниҳод менамояд. Бидуни беҳтар кардани сифати пешниҳоди сармоягузорӣ, ки метавонад дар занҷираҳои ҳамкорӣ муайян карда шавад, шумо наметавонед МОИ-ро мувофиқи таъинот истифода баред”, – шарҳ дод коршинос.

Ӯ таъкид кард, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ комплексҳои ҳудудии истеҳсолӣ мавҷуд буданд.

“Яъне ашёи хом истихроҷ мекунед, дар наздикии он нерӯи арзони барқ ​​ҳаст, яъне корхонаҳои истеҳсоли алюминийро бунёд кардан мумкин аст, чун алюминий ҳаст, корхонаи истеҳсоли ҳавопаймоҳоро сохтан метавон. Аммо комплексхои шӯравӣ вайрон карда шуданд. Ҳоло вақти аз нав сохтани занҷираҳои ҳамкорӣ расидааст, ки кори мунтазамро тақозо мекунад”,- гуфт мушовир.

13 сол бо минтақаҳои озоди иқтисодӣ. Чаро он чи, ки мехостем, нашуд?

Вай муътақид аст, ки иқтисоди Тоҷикистон дар сурати муносибати системанок ба ҳавасмандгардонии истеҳсолоти саноатӣ аз тариқи механизми кластерҳо, тавассути рушди инфрасохтори сармоягузорӣ дар шакли минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад ба нишондиҳандаҳои таъсирбахш ноил шавад.

«Иқтидори ҷумҳурӣ аз ҷиҳати коркарди саноатӣ, қувваи  барқи арзон ва ғайра хеле калон аст. Дар наздикии он ашёи хом, қувваи кории арзон ва бозори бузурги фурӯш мавҷуд аст. Дар ҷануб — Афғонистон, дар тарафи рост — Хитой, дар шимол — мамлакатҳои Осиёи Миёна. Аммо ҳамаи ин унсурҳо ҳанӯз бо ҳам кор намекунанд, як манзараи том ба назар намерасад. Сиёсати кластериро амалӣ намудан, логистика тартиб додан ва кор кардан лозим аст”, – илова намуд Андрей Шпиленко.

Дилшод Шараф

ДАР ҲАМИН МАВЗУЪ
Имтиёзҳои андозӣ

Субъектҳои МОИ Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликияташон, аз тамоми андозҳои пешбининамудаи Кодекси андози ҷумҳурӣ озод мебошанд.

Субъектҳои МОИ ҳамчун агентҳои андоз оид ба нигоҳдорӣ ва пардохти андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромад ба буҷет барои кормандони субъектҳои МОИ, ки андозсупорандагон дар Тоҷикистон мебошанд, баромад мекунанд.

Фоидае, ки сармоягузорони хориҷӣ ба даст овардаанд ва музди меҳнати коргарони хориҷӣ бо асъори хориҷӣ аз ҷониби онҳо метавонанд озодона ба хориҷа интиқол дода шаванд ва ҳангоми содирот ба хориҷа андоз ситонида намешавад.

Одӣ карда гӯем, аз музди меҳнати кормандон танҳо андози даромад ва андози иҷтимоӣ ситонида мешавад.

Имтиёзҳои гумрукӣ

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ бахше аз қаламрави гумрукии Тоҷикистон мебошанд.

Моле, ки дар ҳудуди МОИ ҷойгир карда мешавад, берун аз қаламрави гумрукии ҷумҳурӣ ҳисобида мешавад, ки ин имкон медиҳад, ки онҳо аз хориҷи кишвар бидуни пардохти боҷҳои воридотӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ворид карда шаванд.

Воридоти молҳои хориҷӣ ва ватанӣ, таҷҳизоти истеҳсолӣ ва сохтмонӣ ба қаламрави МОИ бидуни ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз амалӣ карда мешавад.

Ҳангоми содироти мол аз ҳудуди МОИ берун аз ҷумҳурӣ андоз ва боҷҳои гумрукӣ, ба истиснои пардохтҳои барасмиятдарории гумрукӣ ситонида намешаванд, манъу маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ татбиқ карда намешаванд.

Ҳангоми содироти мол аз ҳудуди МОИ ба ҳудуди Тоҷикистон боҷи гумрукӣ ситонида намешавад, ААИ аз ҷониби харидор пардохта мешавад.

Манбаъ: Nuqta.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.