130 парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи январ

То охири моҳи январ ширкати “Сомон эйр” аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон беш аз 130 парвози чартерӣ анҷом хоҳад дод. Мақомоти тоҷик ҳанӯз ҷадвали расмиии парвозҳоро барои ин моҳ нашр накардаанд, вале  Икром Субҳонзода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфтааст, парвозҳои чартерӣ чун моҳҳои қаблӣ идома меёбад.  

Ба гуфтаи Субҳонзода,  то поёни ин моҳ ҳамарӯза аз Русия ба Душанбе аз 4 то 6 парвозҳои ғайринақшавӣ ё чартерӣ сурат хоҳанд гирифт. Чун маъмул 3 парвоз аз шаҳри Маскав ба боқимонда аз минтақаҳои дигари Русия  мешаванд.  

Ҳамчунин қарор аст дар моҳи январ 10 парвози чартерӣ  аз  Душанбе ба шаҳри Минск, пойтахти Белоруссия ва баръакс анҷом шавад. 

Мақомот гуфтанд, мусофироне, ки ба ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотномаи ташхиси COVID-19дошта бошанд, ки   72 соат  қабл аз сафарашон дода шудааст. Барои кӯдакони то се сола гирифтани ин гуна  маълумотнома лозим нест.  

Парвозҳои чартерӣ барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия аз тобистони соли гузашта оғоз шудааст. Вале мусофирони ин парвозҳо, ки бештарашон муҳоҷирон ҳастанд аз гарони чиптаҳои ин парвоз шикоят мекунанд. Вале масъулин гуфтанд, ҳавопаймо аз як тараф холӣ меравад ва ба ин хотир нархи чиптаи парвозҳои чартерӣ гарон аст. 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.