164 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон ба Ватан оварда шуданд

ДУШАНБЕ, 31.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз 164 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Алмато ба Душанбе баргардонида шуданд. Дар ин  бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иқдоми мазкур дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Қазоқистон роҳандозӣ гардидааст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 17 август 221 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан оварда шуданд. Ҳамчунин 10 август 182 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Алмато ба Душанбе баргардонида шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари пандемияи COVID-19 барои ворид шудан ба ҳудуди ин ду давлат маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.

АКС аз бойгонӣ

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.