17 июн рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди биёбоншавӣ: баррасии мавзӯъ дар барномаи «Шарҳи коршинос»-и Радиои «Ховар»

ДУШАНБЕ, 17.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолӣ дар шароити норасоии об ва соли 2045 135 млн. нафар одам макони зисташонро бо сабаби  корношоям ва ё биёбоншавии замин тарк мекунанд. Дар ин хусус дар СММ бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди биёбоншавӣ, ки ҳамасола 17-уми июн қайд мегардад, иттилоъ додаанд. Қарор дар бораи таҷлили рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди биёбоншавӣ бори нахуст соли 1994 аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ қабул гардидааст. Ба кишварҳои ҷаҳон пешниҳод гардид, ки рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди биёбоншавиро барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҷомеа оид ба зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва оқибатҳои хушксолӣ, инчунин рафти иҷрошавии Конвенсия дар бораи мубориза бар зидди биёбоншавӣ бахшанд.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба омилҳои биёбоншавӣ ва паёмадҳои он соатҳои 10:15, 13:15, 16:15 ва 20:15 дар барномаи «Шарҳи коршинос»-и радиои «Ховар» бо иштироки Ҳасан Асоев, коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.