19 Ваҳдат, ки аз қаҳти ақлу қаҳти ҷойном дар Тоҷикистон мегӯянд

Бино бар додаҳои Википедиа, ҳамакнун дар Тоҷикистон 19 ободӣ Ваҳдат ном дорад. Бархе аз ин ободиҳо номҳои куҳани тоҷикӣ доштаанд ва ниёзе ба номгардон карданашон набуд.
Аммо дар кишваре, ки чандон паҳновар ҳам нест, Ваҳдат ном доштани 19 ободӣ ҳам ин номгузориро пучу бемоя мекунад ва ҳам «ваҳдат»-ро тиҳӣ аз маъниву мафҳум. «Ваҳдат» ҷойном нест ва наметавонад ҳам ҷойном бошад.
Аммо такрори ин ном гувоҳ бар ин аст, ки дар Тоҷикистон қаҳти ақлу қаҳти ҷойном пеш омадааст.
1. Ваҳдат — шаҳр, маркази ноҳияи Ваҳдат
2. Ноҳияи Ваҳдат — ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ
3. Ваҳдат (собиқ Ҷиргатол) — шаҳрак, маркази маъмурии ноҳия ва ҷамоати шаҳраки ноҳияи Лахш
4. Ваҳдат (собиқ Миденшор) — шаҳрак, маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон
5. Ҷамоати Ваҳдат (н. Ғафуров) — ҷамоати деҳот
6. Ваҳдат (н. Ванҷ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ
7. Ваҳдат (собиқ Даҳани Ғумуш) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Оби Меҳнати ноҳияи Рашт
8. Ваҳдат (собиқ Комсомол) — деҳа дар ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон
9. Ваҳдат (собиқ Коммунист) — деҳа дар ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ
10. Ваҳдат (собиқ Кунчибулоқ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик
11. Ваҳдат (собиқ Қаерма) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон
12. Ваҳдат (собиқ Қизилйӯл) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Турсунзода
13. Ваҳдат (собиқ Қизилкӯч) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Бохтар
14. Ваҳдат (собиқ Қизилиттифоқ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён
15. Ваҳдат (собиқ Лов) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дашти Ҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
16. Ваҳдат (собиқ Мировой) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷилликӯли ноҳияи Дӯстӣ
17. Ваҳдат (собиқ Октябр) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун
18. Ваҳдат (собиқ Якуми Май) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус
19. Ваҳдат (собиқ Янгибоғ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав.

То кунун 9 деҳа Истиқлол ва 5 деҳа Истиқлолият номида шудаанд. Ин ҳам ҷойном нест ва намешавад.

Умед Ҷайҳонӣ

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.