30 миллион доллари ҳукумати Русия барои мактабҳояш дар Тоҷикистон

 Русия барои бунёд ва муҷҷаҳаз кардани  мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон  30 миллион доллар ҷудо кардааст. Интизор меравад, бахши аввали ин маблағ, иборат аз 3 миллион доллар то охири сол ва 27 миллион доллари боқимонда, соли оянда ихтисос дода шавад. Қарор дар ин заминаро нахуствазир   Михаил Мишустин ба имзо расондааст. Маблағгузорӣ макотиби воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлобу Хуҷанд ва Бохтару Турсунзодаро фаро хоҳа  гирифт. Ин маблағ бар асоси созишномаи байниҳукуматие ҷудо мешавад  ки миёни ду кишвар моҳи апрели  соли 2019  ба имзо расида буд.  Созишнома 5 солро дар бар гирафта  бунёд ва муҷаҳҳаз гардонидани мактабҳо бо омӯзиши забони русиро дар мадди назар дорад. Тибқи нақша дар ҳар яке аз ин мактабҳо 1200 хонанда таҳсил хоҳанд кард. Санадро моҳи феврали соли ҷорӣ Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия ба тасвиб расонданд. 

Коршиносон  мегӯянд, ки бунёди мактабҳои русӣ ва таваҷҷӯҳи хоси Маскав ба омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон бахше аз стратегияи Кремл оид ба тавсеаи нуфузи сиёсиаш дар кишварҳои шарики он мебошад.

Аз соли 2018 ба ин сӯ бар асоси қарори муштараки  Тоҷикистон ва Русия, ба Тоҷикистон барои таъмини мактабҳои русӣ бо омӯзгорон даҳҳо муаллими мактаби миёна барои кор фиристода мешаванд. Ин қарор  дар музокироти президентони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе  дар моҳи феврали соли 2017 гирифта шуд ва августи соли 2018 нахустин гурӯҳи 29-нафараи омӯзгорон ба Душанбе расид.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.