$ 329 млн дар семоҳаи 2021 – саҳми интиқолҳои муҳоҷирони тоҷик

Бонки Марказии Русия омори пулҳои интиқолдодаи шахсони воқеӣ ба хориҷи кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷориро нашр кард. Тибқи он, Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия байни кишварҳои ИДМ дар мақоми сеюм мебошад. Тавре аз рақамҳо бармеояд, муҳоҷирони тоҷик дар ин давра ба ватан 329 миллион доллар фиристодаанд, ки дар қиёс басоли гузашта 9 фойиз камтар будааст. Имсол аз ҳама бештар зодагони Узбекистон аз Русия пул фиристоданд. Дар ҷойи дуввум Қирғизистон қарор гирифтааст. Ин омори Бонки марказии Русия дар ҳоле нашр мешавад, ки равуои мунтазами ҳавоӣ байни Душанбеву Маскав аз 1-уми апрел оғоз шуд ва шаҳрвандони Тоҷикистон баъди тақрибан як соли баста будани марзҳо имкони сафар ба Русияро пайдо намуданд. Соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристода буданд. Бисёре аз онҳо дар авҷи паҳншавии коронавирус бино бар ҷорӣ шудани карантин бекор ва бемаош монданд ва табъан натавонистанд ба оилаҳояшон пул фиристанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.